Авомили қобили контроли сактаро бишносед
Октябр 05, 2019 10:27 Asia/Dushanbe
Бемориҳои қалбӣ уруқӣ ва дар раъси онҳо сактаҳои қалбӣ ва мағзӣ шоеътарин иллатҳои маргу мир ҳастанд ва авомили пурхатари генетикӣ ва муҳитӣ дар бурузи онҳо нақш доранд.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, бархе аз ин авомил мисли синну ҷинс ғайриқобили тағйир ва контрол ҳастанд, вале хеле аз онҳо бо дар пеш гирифтани шеваҳои муносиби тағзияӣ ва фаолиятҳои варзишӣ ва дар сурати лозим бо масрафи доруҳои коҳандаи фишори хун ва чарбии хун қобили пешгирӣ ҳастанд.
Муҳаққиқон бархе авомили пурхатари қобили контроли сактаҳоро мавориди зер унвон мекунанд:
- Фишори хуни боло
- Сигор кашидан
- Холестерини боло
- Масрафи машруботи алкулӣ
- Изофа вазн