Худоҳофизӣ бо бемории шоеи тирамоҳӣ бо риояти роҳкорҳои хонагӣ
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i47802-Худоҳофизӣ_бо_бемории_шоеи_тирамоҳӣ_бо_риояти_роҳкорҳои_хонагӣ
Як мутахассиси тибби суннатӣ гуфт, ашхос бо риояти нукоте сода метавонанд аз ибтило ба сармохурдагӣ дар фасли тирамоҳ дар амон бимонанд ё дар сурати ибтило ин оризаро контрол кунанд.
(last modified 2025-09-23T05:42:19+00:00 )
Октябр 23, 2019 14:47 Asia/Dushanbe
  • Худоҳофизӣ бо бемории шоеи тирамоҳӣ бо риояти роҳкорҳои хонагӣ

Як мутахассиси тибби суннатӣ гуфт, ашхос бо риояти нукоте сода метавонанд аз ибтило ба сармохурдагӣ дар фасли тирамоҳ дар амон бимонанд ё дар сурати ибтило ин оризаро контрол кунанд.

Илҳоми Ахтарӣ мутахассиси тибби суннатӣ ва устодёри Донишгоҳи улум пизишкии Эрон дар бораи роҳҳои пешгирӣ аз ибтило ба сармохурдагӣ гуфт, риояти беҳдошти фардӣ дар пешгирӣ аз сирояти сармохурдагӣ ва зуком нақши муъассире дорад ба ин сурат, ки шутушӯи дастҳо пеш аз ғизо хурдан зарурӣ аст ҳамчунин ашхос бояд аз даст додан, рубусӣ кардан ва дар оғуш гирифтани ашхосе, ки сармо хурдаанд, ё дар остонаи ибтило ба ин беморӣ ҳастанд, парҳез кунанд.

Ӯ баён кард, шахси мубтало ба сармохурдагӣ бояд дар маконҳои умумӣ аз маска истифода кунад. Масрафи муракабот ва меваҳои саршор аз витамин С ба мубталоён ба сармохурдагӣ пешниҳод мешавад.

Ин мутахассиси тибби суннатӣ афзуд, мубталоён ба сармохурдагӣ бояд бинии худро ба таври муназзам бо серум (капл)-и намакӣ шустушӯ диҳанд ҳамчунин ашхос набояд дар маърази ҳавои сард ба вижа аз ноҳияи сару гардан қарор бигиранд ва дар сурати бурузи обрезиши бинӣ бояд аз масрафи маводи ғизоии сурхкарданӣ ва меваҳое монанди ангур парҳез кунанд.

Ахтарӣ таъкид кард, варзиши муназзам дар пешгирӣ аз ибтило ба сармохурдагӣ таъсири чашмгире дорад.

Ӯ ёдоварӣ кард, ашхосе, ки дар ҳоли тарки хона ҳастанд бояд сипандро дуд диҳанд ва онро дар манзил бигардонанд. Овезон кардани риштае аз сирпиёз дар ошхона ба зидди уфунӣ кардани муҳити хона кумаки бисёре мекунад. Ашхос ҳамчунин метавонанд як адад пиёзи бузургро ба чаҳор қисмат тақсим кунанд ва ҳар қисмати онро дар нуқтаҳои мухталифи хона қарор диҳанд.