Инсон камҳуштар шудааст
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i48276-Инсон_камҳуштар_шудааст
Башар дар ним қарни гузашта кундфаҳмтар шудааст.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Ноябр 11, 2019 11:10 Asia/Dushanbe
  • Инсон камҳуштар шудааст

Башар дар ним қарни гузашта кундфаҳмтар шудааст.

Ба нақл аз Спутник, мутахассисон ба ин натиҷа расидаанд, ки дар ним қарни гузашта башар камфаҳмтар шудааст ва аз даҳсолаи 1970 шохиси IQ, ба таври мутавассит 7 нишон барои насли баъдӣ поин фаромадааст.

Теъдоде аз мутахассисон ин мавзӯъро бо идомаи такомули инсон дар иртибот медонанд ва дигарон бо қавонини генетик ва гуруҳи севвум бо рушд ва такомули сареъи технологӣ.

Мағзи инсонҳои даврони поринаи сангӣ ва неондерталҳо бузургтар аз инсонҳои имрӯзӣ буд ва ба таври мутавассит ҳаҷми мағзи мардони он даврон беш аз ҳазору 500 сантиметри мукааб буд, дар ҳоле, ки ҳаҷми мағзи мардони имрӯзӣ ҳазору 425 сантиметри мукааб аст.

Дар он даврон инсонҳои аввалия маҷбур буданд иттилооти муҳимро дар мағзи худ ҳифз кунанд, зеро ноқили маснуии иттилоот масалан китоб ҳануз ихтироъ нашуда буд ва истифода аз таҷрибаи решсафедон ба нудрат мушоҳида мешуд, зеро ҳадди мутавассити тули умр бисёр кам буд.

Аммо инсони имрӯзӣ иттилоотро ба таври омода дарёфт мекунад ва таҷрибаҳои наслҳои гузашта на дар сари онҳо балки дар василаҳои маснуӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Дар чунин шароите дигар ниёзе ба вуҷуд мағзи бузург нест ва эҳтимолан ба ин далел дар 25 ҳазор соли ахир кучак шудани мағз мушоҳида мешавад.

Ба гуфтаи мутахассиси генетик аз донишгоҳи Стэнфорди Амрико башар дар се ҳазор соли ахир камаш ду тағйири генетикиро аз сар гузаронда, ки таъсири манфӣ бар ҳуш гузоштааст.

Ҳамчунин олудагии муҳити зист метавонад таъсири манфӣ ба зариби ҳуши инсон дошта бошад.