Декабр 02, 2019 12:23 Asia/Dushanbe
  • Пизишкони чинӣ аввалин доруи фаромушхотириро тавлид карданд

Нахустин бор дар ҷаҳон пажуҳишгарони Академии улуми Чин ва Муассисаи пизишкии Шанхай пас аз ду даҳсола талош муваффақ шуданд доруи фаромушхотириро тавлид кунанд.

Ба нақл аз ИРНО, рӯзномаи ШанхайАбзервер, рӯзи душанбе гузориш дод, ки ин дору, ки ойгоманат ном дорад, метавонад аз рушди беморӣ пешгирӣ кунад ва наҳваи амалкарди онро барои пизишкон шаффофтар ва барои дармони қатъӣ, умедвории бештаре эҷод кунад.

Пизишкони чинӣ ҳамчунин гуфтаанд солмандоне, ки бештар аз сабзиҳои баҳрӣ истифода мекунанд ва хазаҳои баҳрӣ дар зумраи ғизои онҳо ба ҳисоб меояд дар баробари беморӣ муқовимати бештаре аз худ нишон додаанд.

Давлати Чин ин доруро ба расмият шинохтааст ва пизишкон низ нисбат ба дармони беморӣ бо ин дору ибрози умедворӣ карда ва гуфтаанд, ки пас аз 20 сол аввалин бор аст, ки чунин муваффақияте дар ҷаҳон бадаст омадааст.

Пизишкони чинӣ гуфтаанд, ки ба рағми тавлиди ин дору ҳануз роҳи зиёде барои дармони комили беморӣ ва пешгирӣ аз он дар миёни солмандон дар пеш аст ва ин як набарди сахт барои ҷомеаи пизишкӣ ба ҳисоб меояд.

Албатта ҳануз дармони қатъӣ барои фаромушхотирӣ дар дунё вуҷуд надорад, зеро рушди селлулӣ дар бадан мутаваққиф мешавад ва ин масъала дар солмандон бо суръати бештаре рух медиҳад ва ба тадриҷ боиси афсурдагӣ дар онҳо мешавад ва ҳамин онҳоро аз хешовандон дуртар мекунад.

Пешбинӣ шудааст, ки шумори ибтилоён ба ин беморӣ то соли 2015 ба 150 миллион нафар дар дунё бирасад.

Барчасп