Оқоён занбӯруғ бихуранд!
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i49927-Оқоён_занбӯруғ_бихуранд!
Муҳаққиқони улуми пизишкӣ эълом карданд бо масрафи занбӯруғ метавон хатари ибтило ба саратони простатаро коҳиш дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 13, 2020 08:48 Asia/Dushanbe
  • Оқоён занбӯруғ бихуранд!

Муҳаққиқони улуми пизишкӣ эълом карданд бо масрафи занбӯруғ метавон хатари ибтило ба саратони простатаро коҳиш дод.

Ба нақл аз Хабаргузории садо ва симо, пизишкон дар мақолае дар нашрияи байналмиллалии саратон эълом карданд, донишмандон бо баррасии беш аз 36 ҳазор мард байни 40 то 79 сол, иттилооти саломати онон ҳамчун фаолияти варзишӣ, собиқаи хонаводагӣ ва режими ғизоиро мутолеа карданд.

Дар ин баррасӣ мушаххас шуд касоне, ки дар ҳафта як то ду бор занбӯруғ масраф мекунанд ҳашт дарсад камтар бо хатари ибтило ба саратони простата ру ба ру ҳастанд ва касоне, ки дар ҳафта се бор занбӯруғ масраф мекунанд ин хатарро то 17 дарсад дар худ коҳиш медиҳанд.

Саратони простата дар баъзе аз мардон ба сурати пинҳон пешрафт мекунад ва замоне алоими худро нишон медиҳад, ки беморӣ вориди марҳилаҳои пешрафа шудааст.

Простата ғуддаи кучаке дар бадани мардон аст, ки дақиқан зери массона (мочевой пузырь) қарор дорад.

Саратони простата дуввумин саратони роиҷ дар Амрико ва дуввумин далели маргҳои вобаста ба саратон дар миёни мардон аст.

Тибқи гузориши Анҷумани саратони Амрико солона сӣ ҳазор мард бар асари саратони простата ҷони худро аз даст медиҳанд.

Мушкил дар дафъи идрор, такрори идрор, идрор бо фишори кам, мушоҳидаи хун дар идрор, варам кардани пойҳо, дард ва нороҳатӣ дар лаган ва нотавониҳои ҷинсӣ аз ҷумла нишонаҳои аслии ин беморӣ ба ҳисоб меояд.