Аз сирпиёз сер нашавед (2)
Натиҷаҳои беш аз 40 таҳқиқ нишон додааст, ки афзудани сирпиёз ба сабади ғизоӣ ба коҳиши холестерини кулии бадан, холестерини манфии LDL ва триглитсерид кумак мекунад ва сатҳи холестерини хуб (HDL)-ро афзоиш медиҳад.
Ба нақл аз ИРНО, дар аксари ин мутолеаҳо аз пудри сирпиёз истифода шудааст, аммо сирпиёзи тоза ва куҳна ё равғани сирпиёз ба маротиб муфидтар ҳастанд.
Тағйироти матлуб дар сатҳи холестерини LDL, ки ба унвони холестерини бад шинохта мешавад дар бештари озмоишҳои таҳқиқотӣ мушоҳида шуд ва холестерини LDL дар ашхоси таҳти озмоиш байни 11 то 26 дарсад коҳиш ёфт.
Ҳамчунин натиҷаҳои мутолеаи густардае рӯи ҳудуди ҳазор бемор нишон дод, ки мукаммали сирпиёз боиси коҳиши фишори хун мешавад.
Илова бар ин таъсири ин модда дар танзими фишори хуни бемороне, ки дар бадви пажуҳиш ба фишори боло дучор буданд қавитар буд.
Сирпиёз бо афзоиши гардиши хун дар бадан фишори хунро коҳиш медиҳад.
Таркиботи мавҷӯд дар сирпиёз асари мушобеҳе бо доруҳои фишори хун дорад ва ҳамчунин бо афзоиши сатҳи нитрик оксид фишори хунро бо эҷоди оромиши бештар дар рагҳои риявӣ танзим мекунад.
Дар бахшҳои баъдии ин матлаб боз ҳам аз фоидаҳои пизишкӣ ва дармонии гиёҳи муъҷизагари сирпиёз бароятон хоҳем гуфт.