Нишонаҳои нодири бемории корона
https://parstoday.ir/tg/news/uncategorised-i54908-Нишонаҳои_нодири_бемории_корона
Дар фасли тобистон корона бо нишонаҳои системаи ҳозима ҳамроҳ аст ва дигар нишонаҳои ин беморӣ монанди нишонаҳои чашмӣ, пӯстӣ ва сардард аз нишонаҳои нодири ин беморӣ ҳастанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 28, 2020 06:29 Asia/Dushanbe
  • Нишонаҳои нодири бемории корона

Дар фасли тобистон корона бо нишонаҳои системаи ҳозима ҳамроҳ аст ва дигар нишонаҳои ин беморӣ монанди нишонаҳои чашмӣ, пӯстӣ ва сардард аз нишонаҳои нодири ин беморӣ ҳастанд.

Ба гузориши сервиси саломати уфуқи Теҳрон, Масъуди Мардонӣ, дар хусуси нишонаҳои нави корона баён кард: Ин беморӣ эҳтимол дорад ҳар узве аз баданро даргир кунад, аммо бештарин узве, ки тавассути вируси КОВИД-19 даргир мешавад, дастгоҳи нафас аст.

Вай тасреҳ кард: Дар фасли тобистон корона бо нишонаҳои системаи ҳозима ҳамроҳ аст, дигар нишонаҳои ин беморӣ монанди нишонаҳои чашмӣ, пӯстӣ ва сардард аз нишонаҳои нодири ин беморӣ ҳастанд ва дар тамоми афроди мубтало ба корона мушоҳида намешаванд ва шояд аз байни 100 бемори мубтало ба корона як нафар ин нишонаҳоро дошта бошад.

Ин мутахассиси бемориҳои уфунӣ идома дод: Вируси корона аз ибтидои шуйю то имрӯз ҷаҳиши генетикӣ надоштааст, тавсияи мо ин аст, ки афрод ба нишонаҳои нодири ин беморӣ таваҷҷуҳ накунанд, зеро таваҷҷуҳи беш аз андоза ба нишонаҳои корона муҷиби бурузи стресс байни мардум мешавад ва беҳтар аст афрод дар рӯёрӯӣ бо нишонаҳо нигарон набошанд зеро пизишкон дар сурати бурузи нишонаҳо ҳатман бемории коронаро ташхис медиҳанд.