Июн 29, 2020 10:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯйхате аз тамоми нишонаҳои корона

Маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико рӯйхате аз нишонаҳои бемории КОВИД-19 аз ҷумла гирифтагӣ ё обрезиши бинӣ мунташир кардааст.

Ба гузориши Беҳдошт-Ниюз, ҳамзамон бо афзоиши мавориди ибтило ба бемории КОВИД-19 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар ин кишвар нишонаҳои наве аз ин бемориро ба рӯйхати нишонаҳои КОВИД-19 афзудааст.

Дар гузориши маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико омадааст: Дар мубталоён ба бемории КОВИД-19 анвои намуди мухталифе аз нишонаҳо гузориш мешавад, ки мумкин аст бо нишонаҳои хафиф то ҷиддӣ зоҳир шавад. Ҳамчунин нишонаҳои беморӣ ҳудуди  ду то 14 рӯз пас аз қарор гирифтан дар маърази вирус буруз пайдо мекунад.

Коршиносони ин марказ гирифтагӣ ё обрезиши биниро ба рӯйхати нишонаҳои  эҳтимолии ибтило ба бемории КОВИД-19 изофа кардааст.

Бино бар эъломи нави ин марказ, нишонаҳои  эҳтимолии ибтило ба ин беморӣ шомили  зер аст: Гирифтагӣ ё обрезиши бинӣ, сурфа, исҳол, эҳсоси хастагӣ, таб ё ларз, сардард, тангии нафас, дарди бадан ё азулаҳо, ҳолати таҳаввуъ ё истифроғ, аз даст додани ҳиси буёӣ ё чашидан ва гулу дард.

Ба гузориши пойгоҳи хабареи "Си Нет", ҳамчунин коршиносон маркази контрол ва пешгирӣ аз бемориҳо дар Амрико ҳушдор доданд, ки дар сурати мушоҳидаи ҳаргуна аз нишонаҳои зер лозим аст фард ба суръат ба пизишк муроҷиа кунад: Мушкили танаффусӣ, дарди мудовим ё эҳсоси фишор дар қафасаи сина, эҳсоси гарангӣ, надоштани тавоноии бедор шудан аз хоб ё бедор мондан ва тағйири ранги лабҳо ё сурат.

 

Барчасп