Июл 12, 2020 08:54 Asia/Dushanbe
  • Муъҷизаи гулоб дар дармони хонагии бемориҳо

Мутахассиси тибби суннатӣ бо баёни ин ки гулоб тақвияткунандаи мағз ва қалб аст, гуфт: Гулоб барои тақвияти рия, рафъи беҳушӣ муассир буда ва ба афроде, ки афсурдагӣ ва заъфи аъсоб доранд тавсия мекунем то аз спрейи гулоб дар утоқи худ истифода кунанд.

Неъматуллоҳ Масъудӣ, мутахассиси тибби суннатӣ дар бораи «хосиятҳои гулоб» изҳор дошт: Гулоб мураккабулқувои моил ба сард аст ва бастагӣ ба гул, асарҳои мутафовите дорад.  

Вай идома дод: Гулоб ҳамон арақи гули сурхро гӯянд ва тақвияткунандаи мағз ва қалб аст. Барои рефлокси меъда (турш кардани меъда) хуб аст ва мо барои ин навъ беморон онро ҳамроҳи чанд доруи дигар таҷвиз мекунем.  

Ин мутахассиси тибби суннатӣ баён дошт: Гулоб барои тақвияти рия, тақвияти ҳисҳо, рафъи беҳушӣ муассир буда ва ба афроде, ки афсурдагӣ ва заъфи аъсоб доранд тавсия мекунем аз спрейи гулоб дар утоқи худ истифода кунанд. 

Масъудӣ хотирнишон кард: Афроде, ки дар ноҳияи сурати худ дучори ҷуш мешаванд дар канори дастуроти пӯстии дигар, метавонанд аз гулоб истифода кунанд; Албатта бояд таваҷҷуҳ кунем зиёд масраф кардани гулоб боиси сафедии мӯй мешавад.

Барчасп