Июл 22, 2020 15:00 Asia/Dushanbe
  • Хориши пӯст, ҷадидтарин нишонаи гирифторӣ ба вируси корона

Донишмандони англисӣ хориши пӯстро ба унвони ҷадидтарин нишонаи ибтило ба КОВИД-19 муаррифӣ карданд.

Ба гузориши гуруҳи илмӣ-пизишкии Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, хориши пӯст ба унвони ҷадидтарин нишонаи ибтило ба вируси корона шинохта шуд.

Бар ин асос, донишмандони колеҷи салтанатии Лондон эълом карданд, аз ҳар ёздаҳ нафаре, ки ба вируси корона мубтало шудаанд, як нафар хориши пӯстӣ доштааст. Аз ҳамин рӯ бояд аз ин ба баъд хориши пӯстиро низ яке аз нишонаҳои ибтило ба КОВИД-19 донист.

Донишмандони ин донишгоҳ дар таҳқиқоти худ 20 ҳазор мубтало ба корона дар Англисро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ёфтаҳои ин муҳаққиқон нишон дод 9 дарсади мубталоён нишонаҳое монанди хориши пӯст нишон додаанд. Ҳамчунин 8 дарсад низ дорои нишонаҳои пӯстӣ шудаанд.

Ин донишмандон аз Вазорати беҳдошти Англис хостанд хориши пӯстро ба унвони яке аз нишонаҳои ибтило ба вируси корона муаррифӣ кунанд. Пештар ин вазоратхона се нишонаи таб, сурфаҳои мудовим ва аз даст додани ҳисси буёи ё чашиданро аз нишонаҳои ибтило ба КОВИД-19 муаррифӣ карда буд.

То кунун беш аз 294 ҳазор тан дар Англис ба вируси корона мубтало шудаанд. Аз ин миён, 45 ҳазор тан ҷони худро аз даст додаанд. Давлати Англис бисёр умедвор аст бо кашфи ваксинаи вируси корона, аз шуйюи густурдаи ин вирус дар кишвар ҷилавгирӣ кунад. Ба тозагӣ донишгоҳи Оксфорд марҳилаи нахусти озмоиши ваксинаи КОВИД-19-ро бо муваффақият анҷом додааст.

 

Барчасп