Чӣ муддат ҳамкаломӣ бо фарди коронаӣ моро ҳам мубтало мекунад?
Панҷ дақиқа сӯҳбат кардан бо фарди мубтало ба корона ё қарор гирифтан дар маърази атса ва сурфаи ӯ хатари бемор шудани фарди солимро ба таври қобили таваҷҷуҳе афзоиш медиҳад.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо, барои ин ки фарде ба бемории КОВИД-19 мубтало шавад лозим аст бо дозаи мушаххасе аз вирус мувоҷеҳ шавад.
Бар ин асос қарор гирифтан дар маърази атса ва сурфаи фарди мубтало ё 5 дақиқа сӯҳбат кардан бо вай ё ҳудуди 50 дақиқа қарор гирифтан дар макони баста бо фарди мубтало эҳтимоли ибтило ба коронаро дар фарди солим ба шиддат афзоиш медиҳад.
Ҳар атса ҳудуди 30 ҳазор қатра раҳо мекунад, ки то 321 километр дар соат метавонанд паймойиш кунанд.
Агар фарде мубтало бошад, қатраҳои ҳар сурфа ё атсаи ӯ мумкин аст ҳовии 200 миллион зарраи вирусӣ бошанд ва агар фарде наздики бемор бошад ва бемори мубтало мустақиман ба самти ӯ атса ё сурфа кунад эҳтимоли хеле зиёде дорад, ки ҳазор зарраи вирусро истиншоқ кунад ва ба беморӣ мубтало шавад.
Аз онҷо, ки бархе қатраҳои олудаи кӯчак метавонанд чандин дақиқа дар ҳаво муаллақ бимонанд, агар фарде чанд дақиқа баъд аз он атса ё сурфа низ ба утоқ ворид шавад ва чанд нафас бикашад эҳтимол дорад, ки вируси лозимро барои мубтало шудан дарёфт кунад.
Сӯҳбат кардан низ раҳосозии қатраҳои танаффусиро 10 баробар афзоиш медиҳад.
5 дақиқа сӯҳбат кардани наздик бо фарди мубтало лозим аст то фарди солим, дозаи мавриди ниёзро барои бемор шудан дарёфт кунад.