Камтар биринҷ бихӯред то корона нагиред + филм
Афроди фарбеҳ барои дар амон мондан аз аворизи корона, камтар биринҷ бихӯранд ва вазни худро коҳиш диҳанд.
Ба гуфтаи мутахассисони илми пизишкӣ, вазни бадан замоне афзоиш пайдо мекунад, ки миқдори энержие, ки аз хӯрдани ғизо ба даст меояд, аз миқдори энержие, ки бо фаъолияти рӯзмарра сӯзонида ва масраф мешавад, бештар бошад.
Биринҷ як модаи ғизоӣ аст, ки масрафи беш аз андозаи он муҷиби афзоиши тӯдаи баданӣ ва дар натиҷа афзоиши вазн мешавад.
Дар рӯзҳое ки вируси корона густариш пайдо кардааст, ба афроди фарбеҳ тавсия мешавад то барои дар амон мондан аз аворизи бисёр зиёди ин вирус вазни худро коҳиш диҳанд ва камтар хӯрдани биринҷ дар ин замина таъсири босазое дорад.
Дар ин филм изҳори назари як коршиноси тибби суннатӣ дар як барномаи телевизионии Эронро дар бораи масрафи биринҷ бибинед ва бишнавед.