Май 08, 2023 17:45 Asia/Dushanbe
  • Сурия дар ҳоли бозгашт ба Иттиҳоди Араб аст ё Иттиҳоди Араб дар ҳоли бозгашт ба Сурия?
    Сурия дар ҳоли бозгашт ба Иттиҳоди Араб аст ё Иттиҳоди Араб дар ҳоли бозгашт ба Сурия?

Вазирони хориҷаи Иттиҳоди Араб рӯзи якшанбе дар Қоҳира тайи як нишасти машваратии пушти дарҳои баста дар бораи бозгашти Сурия ба Иттиҳоди Араб пас аз ғайбати 12 сола тавофуқ карданд.

Дар пешнависи ин тасмим, ки мутаоқибан расман мунташир мешавад, омадааст: Ширкати ҳайатҳои сурӣ дар нишастҳои Иттиҳоди Араб аз рӯзи 7 май аз сар гирифта шуд.

Ин тасмими Иттиҳоди Араб чархише 180 дараҷаӣ дар мавзеи қаблии он дар бораи Сурия маҳсуб мешавад. Чанд моҳ баъд аз оғози буҳрони Сурия дар 12 ноябри соли 2011, бархе кишварҳои арабӣ монанди Қатар ва Арабистони Саудӣ хоҳони таълиқи узвияти Сурия дар нишастҳои Иттиҳоди Араб шуданд. Баҳонаи ин кишварҳо барои таълиқи курсии Сурия дар ҷаласоти Иттиҳоди Араб, иттиҳоми саркӯби мардум тавассути давлати Сурия буд.

Бархе кишварҳои арабӣ низ намояндагиҳои сиёсӣ ва ҳатто консулии худ дар Сурияро таълиқ ва таътил карданд. Акнун баъд аз ҳудуди 12 сол аз оғози буҳрону шикасти пружаи барандозӣ ва фурӯпошии давлати қонунии Сурия, боқӣ мондани Башшор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия дар қудрат, Иттиҳоди Араб дар нишасте дар сатҳи вазирон, дар бораи рафъи таълиқи курсии Димишқ ва бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия тасмими ниҳоиро иттихоз намуд. Ин талошҳо аз ду соли пеш оғоз шуд ва дар ин муддат мавзӯи баргашти Димишқ ба Иттиҳоди Араб ҳамвора такрор шуда буд.

Нуктаи муҳим ин аст, ки ин Иттиҳоди Араб буда, ки хоҳони бозгашти Сурия ба ин иттиҳодия шудааст. Бархе мақомоти Сурия изҳор доштаанд, ки онҳо дархости бозгашт надодаанд, балки ин хостаро худи кишварҳои арабӣ матраҳ кардаанд.

Ҳоло, агар Димишқ исрор ё дархосте барои бозгашт ба Иттиҳоди Араб надошта, суол ин аст, ки Сурия дар ҳоли бозгашт ба Иттиҳоди Араб аст ё Иттиҳоди Араб дар ҳоли бозгашт ба Сурия?

Ҷолиби тавваҷуҳ ин аст, ки дар солҳои ибтидои буҳрони Сурия, ҳангоме ки шуморе аз кишварҳои арабӣ равобити сиёсии худ бо Димишқро қатъ карданд, Башшор Асад дар суханоне таъкид кард, ба зудӣ кишварҳои арабӣ ба Сурия боз хоҳанд гашт.

Ба назар мерасад, он рӯз, ки Асад дар бораи он сухан гуфта буд, фаро расида ва акнун Иттиҳоди Араб дар ҳоли бозгашт ба Сурия аст.

Дар айни ҳол, бозгашти Сурия ба Иттиҳоди Араб иқдоме дар ростои ҳаракати ҷамъии кишварҳои арабӣ барои одисозии равобит бо Димишқ пас аз шикасти пружаи муштараки Эътилофи ғарбӣ - арабӣ ба саркардагии Амрико барои сарнагунии давлати Сурия ва Башшор Асад қаламдод мешавад.

 

Барчасп