Июн 16, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Ироқу Қатар
    Густариши ҳамкориҳои Ироқу Қатар

Амири Қатар ва нахуствазири Ироқ тавофуқномаи густариши ҳамкорӣ дар заминаҳои мухталиф имзо карданд.

Тамим бин Ҳамад оли Сонӣ, амири Қатар рӯзи панҷшанбе ба Бағдод - пойтахти Ироқ сафар кард.

Амири Қатар дар лаҳзаи вуруд ба Бағдод гуфт, ки сафари вай ба Ироқ баёнгари умқи равобити бародарона ва устувор миёни ду кишвар аст ва тамоюли Давҳаро барои тавсеаи равобит дар заминаҳои мухталиф бо Бағдод нишон медиҳад.

 

Барчасп