Таҷамуъи ироқиҳо дар эътирози беҳурматии Қуръон
(last modified Sat, 22 Jul 2023 15:11:52 GMT )
Июл 22, 2023 20:11 Asia/Dushanbe
  • Таҷамуъи ироқиҳо дар эътирози беҳурматии Қуръон
    Таҷамуъи ироқиҳо дар эътирози беҳурматии Қуръон

Гуруҳи аз шаҳрвандони ироқӣ дар эътирози беҳурматии ба Қуръон ва парчамаи кишварашон дар Донморк муқобили дарвозаҳои минтақаи сабзи Бағдод таҷамуъ карданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз ИРНА, теъдоди зиёди аз ироқиҳои тарафдори ҷараёни Садр бо ҳузур дар минтақаи сабз муқобили сафорати Донморк дар Бағдод таҷамуъ карданд аммо полис монеъи онҳо шуд.

Бар пояи ин гузориш неруҳои амнияти барои мутафариқа кардани муътаризон аз гази ашковар истифода карданд то монеъ аз расидани онҳо ба минтақаи сабз шаванд.

Полиси Ироқ барои эҷоди камарбанди амниятӣ дар минтақаи сабз неруҳои ҷадидиро ба хидмат гирифт ва даргириҳои мухтасари байни неруҳои амниятӣ ва муътаризон рух дод.

Беҳурмати ба Қуръони Карим дар Шветсия ва Донморк дар моҳҳои ахир бо маҳкумияти густардаи ҷаҳонӣ ру ба ру шуда ва тазоҳурот ва иҷтимоъоти бисёри зидди он баргузор шуда аст.