Июл 26, 2023 15:14 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи Натанёҳу режими Исроилро ба самти ҷанги дохилӣ мебарад
    Тарҳи Натанёҳу режими Исроилро ба самти ҷанги дохилӣ мебарад

Бо вуҷуди дархости Ҷо Байден ва дӯстони режими Исроил дар Амрико ва мухолифату эътирози раҳбарони оппозитсия ва афкори умумӣ, эътилофи рости ифротии ҳоким бар Исроил нахустин бахш аз лоиҳаи мавсум ба «ислоҳоти қазоӣ»-ро аз тасвиби Кнессет (парлумон) гузаронд.

Асри душанбе қонуни ислоҳоти қазоии мадди назари Натанёҳу бо 64 раъйи мусбат аз сӯи намояндагони Кнессет ба таври ниҳоӣ тасвиб шуд. 56 намояндаи узви аҳзоби оппозитсия нишасти Кнессетро барои раъйгирӣ дар бораи лоиҳа таҳрим карданд.

Дар замони баргузории раъйгирӣ намояндагони мухолиф аз саҳни Кнессет хориҷ шуданд ва танҳо намояндагони эътилофи ҳокимиятии Натанёҳу дар ин ҷаласа ҳузур доштанд.

Бар ин асос, девони олии қазоӣ дигар ҳаққи ветои тасмимоти давлат ва Кнессету аҳкоми идорӣ ва ё мухолифат бо интисоби бархе вузаро ё нахуствазирро ба далели парвандаҳои мухталиф, нахоҳад дошт.

Тасвиби ин лоиҳа аввалин гом дар масири коҳиши ихтиёроти дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ аст. Бо тавваҷуҳ ба тасвиби ин лоиҳа, дигар дастгоҳи қазоии режими саҳюнистӣ ҳақ надорад тасмимоти давлату вузарои исроилиро ба баҳонаи маъқул набудан ботил кунад.

Пеш аз ин девони олии Исроил аз ҳаққи лағви мусавваботи Кнессет дар сурати ташхиси онҳо ба унвони «амри номаъқул» бархӯрдор буд, аммо бо мусаввабаи Кнессет мелоку меъёрҳои амри номаъқул дастхуши тағйир шудаву қудрати девони олӣ дар ин бора ба таври чашмгире коҳиш ёфтааст.

Девони олии Исроил бо бархӯрдорӣ аз ихтиёроти густарда барои расидагӣ ба шикояти ашхоси ҳақиқиву ҳуқуқӣ аз мусавваботи маҷлису давлат, маъмулан ба унвони зомини демократия ва секуларизми яҳудӣ муаррифӣ мешуд ва ба ҳамин далел мунтақидони лоиҳаи ислоҳоти қазоӣ давлати Натанёҳуро муҷиби нобудии демократияи исроилӣ медонанд.

Бахшҳои дигари лоиҳаи ислоҳоти қазоӣ наҳваи интихоби қазовати девони олиро ҳадаф қарор додааст. Эътилофи рости ифротии ҳоким бар Исроил дар садади пурранг кардани нақши Кнессет ва давлат дар таъйини қазоват аст, ҳол он ки мухолифони онҳо ин иқдомро тасаллути давлат бар дастгоҳи қазоӣ ва мусовӣ бо диктатории аксарият тафсир мекунанд.

Мунтақидони лоиҳа ҳеҷ ангезаи милливу мусбате дар пушти ин тағйирот намебинанд ва бар ин боваранд, ки аҳзоби рости ифротӣ бо ин тағйирот дар пайи тасбити мавқеияти сиёсии худ ва эҷоди масунияти қазоӣ барои рафторҳои ғайриқонунии худ ҳастанд.

Мунтақидон ба таври мушаххас ангезаи аслии Натанёҳу аз ин иқдомро баста шудани парвандаи фасоди шахсии худаш аз тарси маҳкум шудан ба зиндон медонанд, назаре ки нозирони хориҷӣ ҳам бар он муҳри таъйид мегузоранд.

Инак бо тасвиби бахши аввали лоиҳа, тазоду таоруз дар тамомияти ҷомеаву ниҳодҳои ҳоким бар Исроил ба миннатҳои дараҷаи худ расидаву нигаронӣ аз эҷоди ҷанги дохилӣ ва ҳатто нобудии Исроил бар маҳофили дохилии яҳудиён соя андохтааст.

Дар пайи эъломи тасвиби ин қонуни ҷанҷолӣ ва дар ҳоле ки намояндагони пирӯз даргири сабти акси ёдгорӣ буданд, ба суръат фазои ташаннуҷу даргирӣ сартосари сарзаминҳои ишғолиро фаро гирифт.

Вебгоҳи «Само» ба нақл аз манобеи саҳюнистӣ гузориш дод, ки ҳазорон муътариз ба дунболи тасвиби ин тарҳ сохтмони Кнессетро таҳти муҳосираи худ дароварда ва бо полис даргир шудаанд.

Хиёбони бузурги Аялон дар Тел-Авив, ки полис эълом карда буд контроли онро аз даст дода, тавассути тазоҳуркунандагон баста шуд.

Полис бо вуҷуди соатҳо талош натавонист ин хиёбонро боз кунад. Тасовир нишон медиҳад, ки полису муътаризон даргириҳои хунине бо ҳам доштаанд. Муътаризон баъд аз бастани ин бузургроҳ онро ба оташ кашиданд.

4 тазоҳуркунанда бар асари зер гирифтани мошин дар масири 531-и Тел-Авив маҷруҳ шуданд. Шабакаи саҳюнистии «Кан» эълом кард, ки ронандаи мошин яке аз тарафдорони ҷиноҳи рост ва аз мувофиқони тарҳи Натанёҳу буд.

Дар пайи тасвиби ниҳоии тарҳи ислоҳоти қазоӣ Иттиҳодияи коргарии режими саҳюнистӣ эълом кард, ки гузинаи эътисоботи саросарии коргаронро баррасӣ мекунад.

Раиси полиси режими саҳюнистӣ эълом кард, ки талош хоҳем кард аз ишғоли сохтмони Кнессет аз сӯи муътаризон ҷилавгирӣ кунем.

Эҳуд Олмерт, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ дар бораи авзои муташанниҷи арозии ишғолӣ гуфт, ки Исроил ба самти як ҷанги дохилӣ ҳаракат мекунад. Вай дар мусоҳиба бо шабакаи 4-и телевизиони Англия афзуд: Як таҳдид вуҷуд дорад. Ин як таҳдид бисёр ҷиддӣ аст, ки қаблан чунин набудааст; мо дар масири ҷанги дохилӣ ҳастем.

Агар додгоҳи олии Исроил мусаввабаи порлумонро мабнӣ бар маҳдуд кардани ихтиёроти ин додгоҳ рад кунад, дар сурати даргириву таниш миёни дастгоҳи қазо ва парлумон вуқуи кудатои низомӣ алайҳи Натанёҳу баид нест.

Халабонону неруҳои захираи артиши Исроил ба таври мукаррар эълом кардаанд, ки дар сурати тасвиби лоиҳаи дигар ҳозир ба хидмат дар як низоми диктаторӣ нестанд.

Адами истиқлоли додгоҳи олии Исроил як маънии ошкор дорад ва он ин аст, ки тамоми афсарони артиш дар маърази муҳокима дар додгоҳи ҷиноии байналмилалӣ дар Лоҳа қарор доранд.

Ба эҳтимоли зиёд густариши эътироз, нооромӣ, шӯриш ва чӣ басо сатҳе аз бархӯрдҳои шадиди дохилӣ, аз ҷумла истифода аз абзори террор алайҳи чеҳраҳои мутанаффизи сиёсӣ, сарнавишти ҷомеаи Исроил дар моҳҳои оянда хоҳад буд.

Ҳамчунин ин эҳтимол, ки Натанёҳу бо доман задан ба таниш ва ҳатто ҷанг ба фарофикании буҳрон даст бизанад, вуҷуд дорад.

Ҳар як аз ин сенарияҳо ба воқеият бипайвандад, авоқиби пешбининашуда барои мавҷудияти режими саҳюнистӣ ба ҳамроҳ хоҳад дошт.

 

Барчасп