Раиси ҷумҳурии Ироқ: Иҷозаи таарруз ба ҳамсоягон аз хоки кишварамонро намедиҳем
(last modified Wed, 04 Oct 2023 13:44:23 GMT )
Октябр 04, 2023 18:44 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи амниятии Эрон ва Ироқ
    Тавофуқи амниятии Эрон ва Ироқ

Раиси ҷумҳурии Ироқ дар изҳороте зимни қавӣ тавсиф кардани равобити Теҳрон - Бағдод гуфт, ба ҳеҷ тарафе иҷоза нахоҳем дод, ки аз хоки кишварамон ба ҳамсоягон таарруз кунад.

Ба гузориши рӯзи чаҳоршанбеи шабакаи «Алҳадс», Абдуллатиф Рашид, раиси ҷумҳурии Ироқ дар суханоне изҳор дошт: Мо мухолифи истифода аз хоки Ироқ тавассути ҳар тарафе барои таарруз ба ҳамсоягон ҳастем, ин сиёсати мост ва дар он шаффоф ҳастем.

Рашид таъкид кард, равобит бо Ҷумҳурии исломии Эрон хубу қавӣ буда ва барои мо муҳим аст, мо марзҳои тӯлонӣ ба масофати 1400 километр бо Эрон дорем.

Раиси ҷумҳурии Ироқ ахиран низ дар изҳороте гуфта буд, Бағдод ба дунболи дастёбӣ ба як тавофуқи амниятӣ бо Туркия ҳамонанди тавофуқи ахири Эрон ва Ироқ аст.

Вай гуфт, Туркия ҳаққи таҷовуз ба хоки Ироқро надорад ва бояд ба ҳокимияти Ироқ эҳтиром бигузорад.