Октябр 19, 2023 18:05 Asia/Dushanbe
  • Тафсир - Ибрози нигаронии ҷаҳонӣ аз буҳрони инсонӣ дар Ғазза

Ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба бемористони Ғазза бо маҳкӯмияти ҷаҳонӣ рӯбарӯ шудааст.

Ишғолгарони саҳюнист дар ҷадидтарин ҷиноёти зиддибашарии худ, дишаб (сешанбе) бемористони Ал Маъмадонӣ дар Ғаззаро бомбаборон карданд, ки бар асари он беш аз 500 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд.

Вазири хориҷаи Ҷопон дар вокуниш ба ин ҳамла эълом кард, вазирони умури хориҷаи Гуруҳи 7 бо ибрози нигаронӣ аз авзоъ дар сарзаминҳои ишғолӣ, бар беҳбуди шароити инсонӣ дар Борикаи Ғазза таъкид карданд. Ба гуфтаи Ёко Камикава(Yoko Kamikawa), Гуруҳи 7 қотеъон ваъда доданд барои поёни ҷанг дар Ғазза бо якдигар ҳамкорӣ кунанд.

Агарчӣ Гурӯҳи 7 дар мавриди буҳрони инсонӣ дар Ғазза ҳушдор медиҳад, аммо бар ҷаҳонён пӯшида нест, ки муҳимтарин омили буҳрон дар Ғазза ва куштори фаластиниён бархе аз аъзои Гурӯҳи 7 ба хусӯс Амрико аст, ки ҳамчунон бо мамониат аз барқарории оташбас монеъ аз таваққуфи куштори мардумм Ғазза мешавад.

Фарҷоди Амин, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегуяд: "Кишварҳои ғарбии узви Гурӯҳи 7 омили аслии буҳрони Фаластин ҳастанд ва бо ҳимоят аз саҳюнистҳо онро дар куштори фаластиниҳо дар Ғазза густохтар мекунад. Аз инрӯ, чунончӣ изҳороти вазири хориҷаи Ҷопон дар ибрози нигаронии Гурӯҳи 7 дар бораи буҳрони инсонӣ дар Ғазза сиҳҳат дошта бошад, ин суоли муҳим матраҳ аст, ки чаро дар ҷиҳати таваққуфи фаврии ҳамалоти саҳюнистҳо иқдом намекунанд?".

Аз инрӯ, Анворулҳақ Кокар, нахуствазири муваққати Покистон ҳадаф қарор додани бемористону паноҳгоҳҳои ниёзмандонро аз тарафи режими саҳюнистӣ, иқдоме ғайри инсонӣ ва ғайриқобили дифо донист, ки хилофи қавонини байналмилалии башардӯстона барои ҳифозат аз бемористонҳо ва кормандони пизишкӣ аст. Вай бо ишора ба дидораш бо дабири  кулли Созмони милал дар Чин, афзуд, мо хостори поён додан ба ин ҳадафгирии беравия ҳастем ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ мехоҳем, ки барои таваққуфи хушунатҳои режими Исроил сареъан иқдом кунаду мутаҷовизонро посухгӯ намояд.

Ин дар ҳоле аст, ки ҷинояткорони саҳюнистӣ дар талош ҳастанд бо куштори низомиён дар Ғазза шикасти хифатбори худро дар амалиёти Тӯфони Ал Ақсо ба истилоҳ ҷуброн кунанд, аммо ҳамла ба амокини умумӣ беш аз пеш хашму нафрати ҷаҳонёнро аз режими ҷинояткори саҳюнистӣ ва ҳомиёни он барангехтааст.

Мавлавӣ Муфлиҳ, коршиноси минтақа дар ин бора мегуяд, режими нажодпарасти саҳюнистӣ ба хубӣ медонад дар хонаи пӯшолӣ ва шишаӣ сокин аст ва дер ё зуд ин хона ба таври куллӣ бар сари саҳюнистҳо хароб хоҳад шуд ва хона ба соҳибони аслии он вогузор мешавад. Аз ин куштори ғайри низомиён аз сӯи саҳюнистҳо сирфан интиқом аз шикасти сахти Тӯфони Ал Ақсо аст, ки ин режим аз ин тариқ ҳам нахоҳад тавонист ба орзӯяш бирасад.

Дар ҳар ҳол, вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ ҳамсӯ бо бисёре аз кишварҳои ҷаҳон, ҳамлаи саҳюнистҳо ба бемористони Ал Маъмадонӣ дар Ғаззаро ба шиддат маҳкӯм кард. Ҷинояте, ки вокуниши эътирозомези бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро ба дунбол дошт. Зеро бар асоси қавонини байналмилалӣ таъсисоти ғайринизомӣ ва бавижа бемористонҳо таҳти ҳеҷ шароите набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва бояд маконе амн барои ироаи хадамот ба мардум дар ҳар вазъияте бошанд. Аз ин рӯ, ҳамла ба чунин амокине аз сӯи саҳюнистҳо лаккаи нанаге бар пешонии онон ва ҳомиёнаш ба хусӯс Амрико аст. Сукути Ғарб ва мудофеъони ба истилоҳ дифо аз ҳуқуқи башар дар баробари ҷинояти саҳюнистҳо дар Ғазза барои ҷаҳонён исбот мекунад, ки Амрико ҳомии терроризм ва куштори мазлӯмон аст ва бо ҳимоят аз ишғолгарони саҳюнистӣ бар абъоди ҷинояти онон меафзояд.

 

Барчасп