Тафсир : Хези саҳюнистҳо барои фирор аз арозии ишғолӣ
Падидаи муҳоҷирати маъкус агар чӣ аз муддатҳо пеш шурӯъ шуда، аммо бо ҷанги алайҳи Ғазза шитоб гирифтааст.
64 рӯз аз ҷанги режими саҳюнистӣ алайҳи Борика Ғазза мегузарад. Яке аз паёмадҳои малмуси ҷанг барои режими саҳюнистӣ, шиддат гирифтани мавҷи муҳоҷирати маъкӯс аз арози ишғолӣ буд. Мутобиқи гузорише, ки расонаҳои саҳюнистӣ мунташир карданд афроде, ки аз оғози амалиёти Тӯфони Алақсо, шумори Фаластини ишғолиро тарк кардаанд ба ним миллион нафар расид. Нуктаи муҳими дигар ин,ки ، ҳеҷ як аз ин афрод, ки сарзаминҳои ишғолиро тарк кардаанд ، дигар бознагаштаанд.
Муҳоҷирати маъкӯс пеш аз оғози ҷанги Ғазза дар 7 октябр шурӯъ шуда буд. Сервиси хадамоти муҳоҷиратии кишвари Португалия эълом карда, ки 21 ҳазор исроилӣ барои касби шаҳрвандии ин кишвар аз ибтидои соли ҷории мелодӣ ، дархост додаанд . Омор ва арқомӣ ки амалан онҳоро дар рутбаи нахусти дархости муҳоҷират ба Португалия дар муқоиса бо шаҳрвандони дигари кишварҳо қарор додааст.
Пеш аз оғози Тӯфони Алақсои омили аслии муҳоҷирати маъкӯс аз арозии ишғолӣ, масоил ва чолишҳои мутаъаддиди иқтисодӣ буд, аммо пас аз Тӯфони Алақсои фоктурҳои амниятӣ низ ба он изофа шуд . Ҷанг сабаби бурузи ноамниҳои густарда дар арозии ишғолӣ шуда, зимни ин,ки мушкилоти иқтисодӣ низ афзоиши қобили мулоҳизае ёфта ба вижа ин,ки бекорӣ афзоиш доштааст.
Дар фазоӣ пас аз Тӯфони Алақсо вазъияти иқтисодӣ ба шиддат вахим шудааст ба тавре, ки шумори бекорони сарзаминҳои ишғолӣ дар остонаи як миллионӣ шудан аст. Вазорати кори режими саҳюнистии муддате пеш дар баёнияи расмӣ эълом кард, ки то рӯзи бисту шашум аз оғози амалиёти Тӯфони Алақсо ، 760 ҳазор исроилӣ бекор шуданд ; оморе, ки бетардид то кунун раванди афзоишӣ доштааст. Инак афзӯн бар масоили иқтисодӣ ва маъишатӣ, амнияти шаҳракҳои саҳюнистнишин низ бармало шуда ва сокинони арозии ишғолӣ на танҳо аз рифоҳи иқтисодӣ бархӯрдор нестанд балки бахотири ҳароси доими аз мушакҳои Муқовимат, барои хурӯҷ аз арози ишғолӣ мусаммамтар шудаанд . Яке аз вожаҳои таранд дар серчи Гугел шаҳрвандони исроилӣ, вожа " хурӯҷ аз Исроил " ва ёфтани роҳҳои муртабит бо он аст.
Мавзӯъи дигар инки, муҳоҷирон дар канори муҳоҷирати дар садади касби тобеъияти кишвари дигаре низ ҳастанд . Аз ин рӯи як дағдағаи бузурги шаҳрвандони исроилӣ дар шароити кунӯни, ёфтани як кишвари хориҷӣ ҷиҳати дарёфти шаҳрвандӣ ва паспорти он аст . Муҳоҷирон беш аз ҳама. кишварҳои аврупоиро мақсади муҳоҷирати худ интихоб мекунанд. Оморҳои расмӣ дар арозии ишғолӣ ҳоки аз ин ҳастанд, ки мизони дархости шаҳрвандони Исроил барои касби тобеъияти кишварҳои Португалия, Олмон ва Полша афзоиш пайдо кардааст. Дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тел-Авив эътироф карда, ки раванди рӯ ба рушд аз гироиши шаҳрвандони исроилӣ ба муҳоҷират ба кишварҳои узви ин иттиҳодия қобил мушоҳидааст.
Бо тавваҷуҳ ба ин шарои, Кабинаи имрӯзу фардои режими саҳюнистӣ бояд тадбире барои ҷилавгирӣ аз муҳоҷирати маъкус ва бозгардондан муҳоҷирон бияндешад, мавзӯъе, ки баъид ба назар мерасад дар кӯтоҳ муддат натоиҷи мавриди назари Тел-Авив-ро дар пай дошта бошад.
Бештар бихонед: