Саҳюнистҳо чӣ бар сари «флошаҳо» овардаанд?
Хабаргузории ИРНА, дар матлабе ба баррасии муҳоҷирони сиёҳпӯст (флошаҳо), ки ба таври умумӣ аз кишварҳои африқоии Эритрея, Эфиопия ва Судон ба Исроил муҳоҷират кардаанд, пардохт.
Дар матлаби ин хабаргузорӣ омадааст, дар адабиёти марсуми улуми сиёсӣ, як воҳиди сиёсӣ вақте номи кишвар ба худ мегирад, ки дорои муаллифаҳо(нишондодҳо)и мушаххасе бошад; Яке аз ин муаллифаҳо, мардум ҳастанд; Ба ин маъно, ки он кишвар бояд мардуме бо таърих, фарҳанг ва суннатҳо ва оинҳои муштараке, ки бо унвони куллии ҳувият қарор мегиранд, дошта бошад то битавонад як кишвар ё давлат - миллат таъсис кунад.
Ин матлаб меафзояд, режими саҳюнистӣ аз ҷое, ки ҳеҷ кадом аз муаллифаҳои эҷоди як кишварро надорад ва бо хушунат ва султагарӣ сарзамини Фаластинро ишғол карда, аз ҳамон оғози эъломи мавҷудият, дучори шикофҳои гуногуне дар муаллифаи мардум буд.
Бар асоси матлаби ИРНА, Исроил барои ҷуброни ин шикоф, фарохонҳои фаровоне барои ҷамъоварии яҳудиён аз саросари ҷаҳон бо ваъдаҳои бисёр дод, то ба зоҳир ин шикоф тармим шавад, аммо ҳамин пазириши муҳоҷир аз кишварҳои мухталиф, акнун ба мушкили ҷиддӣ дар ҷомеаи Исроил табдил шудааст.
ИРНА дар ин матлаб бо ишора ба инки акнун наздик ба 150 ҳазор нафар яъне 1.7 дарсад аз кулли ҷамъияти Исроилро флошаҳо ташкил медиҳанд, тасреҳ кардааст, муҳоҷирони африқоӣ дар Исроил ғолибан ба унвони коргар ва ё сарбоз бо дастмузди поин дар ҷомеаи Исроил шинохта мешаванд ва ҳамин сабаб шуда сатҳи даромади онҳо бисёр поин бошад.
ИРНА дар поёни ин матлаб таъкид кардааст, шикофҳои бисёре дар ҷомеаи Исроил вуҷуд дорад ва ин шикофҳо дар солҳои ахир ба қадре матраҳ шудаанд, ки сенарияи фурӯпошии дарунии ин режими ишғолгар дар ояндаи наздикро тақвият кардаанд.