Январ 04, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати яке аз саркардагони ДИИШ дар Мусили Ироқ

Масъули кумитаи иттилорасонии гурӯҳи террористии ДИИШ дар шарқи Мусил ба ҳалокат расид.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии ас-Сумриянюс, манобеи маҳаллӣ дар устони Найнаво дар шимоли Ироқ эълом карданд, масъули кумитаи иттилорасонии гурӯҳи террористии ДИИШ дар даргирӣ бо неруҳои амниятии Ироқ дар минтақаи ал-Карома дар шарқи Мусил ба ҳамроҳи ду нафар аз ҳамроҳонаш ба ҳалокат расиданд.

Бинобар эъломи ин манобеъ, ДИИШ даҳҳо нафар аз неруҳои таблиғотии худро барои таҳияи тасовир ва филм аз даргириҳо дар Мусил басиҷ кардааст.

Ин тасовир ва филмҳо аз шабакаи ал-Аъмоқи вобаста ба ДИИШ пахш мешавад.

Амалиёти озодсозии Мусил маркази устони Найнаво аз 17 октябри 2016 бо фармони Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ оғоз шудааст.

Мусил муҳиммтарин пойгоҳи террористҳои ДИИШ дар Ироқ аст.

 

Барчасп