Ифшои ҷузъиёти таомулоти режими Оли Халифа бо режими саҳюнистӣ
Муовини вазири ҳамкории режими саҳюнистӣ аз равобити наздикии ин режим бо сарони Оли Халифа, парда бардошт.
Айюб Қуро, муовини вазири ҳамкории минтақаии режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо рӯзномаи «Ҳааретс», аз нақши худ дар сафари ҳайате аз хохомҳои яҳудӣ ба Баҳрайн парда бардошт ва гуфт, ин ҳайат бо бархе аз сарони режими Оли Халифа дидор кардааст.
Айюб Қуро гуфт, режими саҳюнистӣ тақрибан бо тамоми кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс аз ҷумла Баҳрайн иртибот дорад. Вай фош кард, баҳрайниҳо як яҳудиро низ ба унвони сафири Баҳрайн дар Амрико интихоб карданд ва дар ҳоле, ки Баҳрайн фақат 37 нафар яҳудӣ дорад. Айюб Қуро гуфт, дар Абузабӣ, дафтари намояндагӣ дорем ҳамчунин равобити бисёр хубе бо Мағриб ва тақрибан тамоми кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс дорем.
Режими Оли Халифа дар солҳои ахир ҳаракатҳои худро бар хилофи хости мардуми Баҳрайн тасреъ кардааст ва бо нодида гирифтани манофеи Баҳрайн ба амрикоиҳо ва саҳюнистҳо чароғи сабз нишон додааст. Амрико чанде пеш аз тавсеаи сохту созҳо дар пойгоҳи низомии дарёии Салмон, воқеъ дар шарқи Манома, ки маҳалли истиқрор новгони панҷуми Амрико аст, хабар дода буд\ Ин дар ҳоле аст, ки афзоиши эҳсосоти зидди амрикоӣ ва зидди саҳюнистӣ бавижа пас аз бедории исломӣ дар кишварҳои арабӣ аз ҷумла дар Баҳрайн яке аз мавориди аслии эътирози мардумӣ дар кишварҳои арабӣ аз ҷумла Баҳрайн ба амалкарди режимҳои ҳоким бар ин кишварҳо будааст.
Паёми чанде пеши вазири хориҷаи Баҳрайн, дар сафҳаи иҷтимоии худ, ки дар он бо ғаму андӯҳ маротиби тасалияти худро ба муносибати марги Шимон Перес, раиси собиқи режими саҳюнистӣ, ки ба монанди тамоми сардамдорони ин режим, савобиқи ҷиноёти зиёде дар корномааш буд, беш аз пеш сарсупурдагии Оли Халифаро ба саҳюнистҳо ошкор сохт. Густариши таомулоти давлатҳои арабӣ бо режими саҳюнистӣ дар ҳоле аст, ки дар даҳаҳои 1950, 1960 ва то авохири даҳаи 1970 мухолифат бо Исроил ва маҳкум кардани ҷиноёти он ва ҳимоят аз Фаластин барои ҳуккоми араб омиле барои касби машруъият буд. Ҳатто кишварҳои арабӣ дар чанд навбат бо Исроил ҷанг карданд, ки ҷангҳои солҳои 1967 ва 1973 аз муҳиммтарини он буд.