Ироқчӣ : Ҷиноят дар Ғазза бояд мутаваққиф шавад
(last modified Sat, 24 May 2025 05:01:31 GMT )
Май 24, 2025 10:01 Asia/Dushanbe
  • Ироқчӣ : Ҷиноят дар Ғазза бояд мутаваққиф шавад

Порстудей - Вазири умӯри хориҷаи Ҷумҳурии исломии Эрон ҷумъа дар дидор бо мақомоти Ватикан бо ташреҳи авзоъи фоҷеъаомези Фаластини ишғолӣ дар натиҷаи ташдиди куштору идомаи наслкушӣ , бар масъӯлияти қонӯнӣ ва ахлоқии ҳамаи кишварҳо барои эъломи инзиҷору мухолифат бо ҷиноёткориҳо дар Ғазза ва ирсоли кумакҳои башардӯстона ба ин борика таъкид кард .

Сайидаббоси Ироқчӣ, ки барои ширкат дар панҷумин даври гуфтугуҳои ғайримустақими Эрону Амрико ба Рим сафар кард , дар дидор бо кардинал Петро Паролин , нахуствазири Ватикан ишғолгарӣ , апартиед,поймолсозии фоҳиши ҳуқуқи бунёдини миллати Фаластин, аз ҷумла ҳаққи таъйини сарнавиштро решаи аслии ноамнӣ ва мушкилот дар минтақаи ғарби Осиё донист . Вазири хориҷаи Эрон ҳамчунин мавзеъҳои Ҷумҳурии исломӣ роҷеъ ба ҳуқуқ ва ниёзҳои миллати Эрон барои баҳрабардории сулҳомез аз энержии ҳастаиро шарҳ дод