Июл 20, 2024 20:21 Asia/Dushanbe
  • Номаи Кумитаи олимпии Фаластин барои маҳрӯмияти корвони режими саҳюнистӣ

Кумитаи Олимпии Фаластин хоҳони маҳрӯмияти корвони режими саҳюнистӣ аз ҳузур дар Олимпии 2024 Порис шуд.

Ба гузориши гуруҳи варзишии хабаргузории Садо ва симо, Кумитаи Олимпии Фаластин номаи расмии худро ба мақари Кумитаи байналмилалии олимпӣ ирсол кардааст. Дар гузориш ҳамроҳи ин нома мадорике вуҷӯд дорад, ки варзишкорони исроилии озими Порис дар маросиме бо сарбозони режими саҳюнистӣ дидор карда ва рӯи мӯшакҳо ва бомбҳое, ки бар сари фаластиниён рехта мешавад, имзои ёдгорӣ карда ва онро дар сафҳаи шахсии худ мунташир кардаанд!

Нодир Ҷиюсӣ, ноиб раиси Кумитаи олимпии Фаластин, дар ин нома ба наслкушӣ ва ҷиноёти режими саҳюнистӣ дар Навори Ғазза ишора кард ва навишт: Ба хотири нақзи ҳуқуқи башар, ки ҳаррӯз дар Ғазза иттифо, меафтад ва шуҳадо ва захмиҳои пуртеъдод ба ҷо монда, бидонед, ки исроилиҳо рӯҳу арзишҳои олимпиро хадшадор кардаанд.

 

Барчасп