Эрон ҷиноёти режими саҳюнисти дар Лубнонро маҳкум кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i125410-Эрон_ҷиноёти_режими_саҳюнисти_дар_Лубнонро_маҳкум_кард
Порс Тудей- сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Лубнон аз ҷумла Ансор, иртифоъоти Али Ал-Тоҳир, Набтияулфуқо ва Деру Заҳрониро ки мунҷар ба шаҳодати ёздаҳ нафар аз ҷумла се кудак ва ду зан аз аъзои як хонавода ва захми шудани чанд тан ва тахриби хонаҳои истиқомати ва ғайринизомӣ шуд ба шиддат маҳкум кард.
(last modified 2026-08-16T07:54:31+00:00 )
Август 16, 2026 12:42 Asia/Dushanbe
  • Исомили Бақоӣ сухануги Вазорати  хориҷаи Эрон
    Исомили Бақоӣ сухануги Вазорати хориҷаи Эрон

Порс Тудей- сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамалоти ваҳшиёнаи режими саҳюнистӣ ба манотиқи мухталифи Лубнон аз ҷумла Ансор, иртифоъоти Али Ал-Тоҳир, Набтияулфуқо ва Деру Заҳрониро ки мунҷар ба шаҳодати ёздаҳ нафар аз ҷумла се кудак ва ду зан аз аъзои як хонавода ва захми шудани чанд тан ва тахриби хонаҳои истиқомати ва ғайринизомӣ шуд ба шиддат маҳкум кард.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Бақоӣ шанбе шаб бо ишора ба идомаи таҷовузоти низомии режими ҷинояткори саҳюнистӣ зидди Лубнон ва нақзи ҳокимияти миллӣ ва тамомияти сарзаминии ин кишвар идомаи сукут ва беамалии Шурои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид дар қиболи нақзҳои фоҳиши ҳуқуқи байналмилал ва ҳуқуқи башардустонаи байналмилалиро таъасуфбор хонд ва бар зарурияти тавақуфи иқдомоти таҷовузкоронаи режими манҳуси саҳюнистӣ дар ҷануби Лубнон ва хуруҷи фаври аз манотиқи таҳти ишғоли Лубнон таъкид кард.

Сухангуи Вазорати умури хориҷаи Эрон ҳамчунин зимни тамҷид аз муқовимати шарофатмандонаи мардуми Лубнон дар баробари таҷовузоти режими ишғолгар ҳақи қонуни ва машруъи Лубнон барои истифода аз ҳамаи абзорҳо ҷиҳати дифоъ аз киёни ин кишвар дар баробари таҷовузоти режими ишғолгаро ёдовар шуд ва бар ҳамбастагии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Лубнон дар масири дифоъ аз ҳокимияти миллӣ, истиқлол ва иззати ин кишвар таъкид кард.