Ҳамлаи террористии Исроил ба ҷануби Бейрут
Июл 31, 2024 07:35 Asia/Dushanbe
Шабакаи Ал Минори Лубнон аз таҷовузи режими саҳюнистӣ ба Зоҳия (ҷануб)-и Бейрут хабар дод.
Ба гузориши Ройтерс ба нақл аз манбаи амниятӣ, ки номашро фош накарда, муддаӣ шуд, ки як фармондеҳи бузурги Ҳизбуллоҳ ҳадафи ҳамлаи Исроил қарори гирифта ва сарнавишташ мрежушаххас нест.
Канали сездаҳуми телевизиони режими саҳюнистӣ муддаӣ шуд, як фармондеҳи Ҳизбуллоҳ дар ин ҳамла террор шудааст.
Манобеи лубнонӣ гузориш доданд, ки як паҳподи режими саҳюнистӣ, сохтумонеро дар ҷануби Бейрут бо се ракет ҳадаф қарор додааст. Ин манобе аз вайронии густарда дар пайи ин ҳамла хабар додаанд.
Дар ҳамла ва таҷовузи ҳавоии режими Исроил ба Зоҳияи Бейрут, ба бемористони Баҳман хисорат ворид шудааст.
Барчасп