Таъйиди ҳузури Фуоди Шукр дар маҳали ҳамлаи террористии Исроил ба Бейрут
Ҳизбуллоҳи Лубнон дар баёнияе, ҳузури Фуод Шукр, фармондеҳи ҷиҳодии Ҳизбуллоҳ дар замони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубии Бейрутро таъйид кард.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Ҳизбуллоҳи Лубнон рӯзи чаҳоршанбе дар баёнияе эълом кард, ки ҳамлаи режими саҳюнистӣ ба Зоҳияи ҷанубии Бейрут ба як сохтумони маскӯнӣ, ки сешанбешаб анҷом шуд, боиси шаҳодати теъдоде аз шаҳрвандону захмӣ шудани теъдоди дигар шудааст.
Дар ин баёния ҳамчунин ҳузури Фуоди Шукр (Ҳоҷи Муҳсин), фармондеҳи ҷиҳодии Ҳизбуллоҳ дар замони ҳамлаи террористии режими саҳюнистӣ ба ин сохтумон таъйид шудааст.
Рӯзи сешанбе 30 июли 2024 артиши режими саҳюнистӣ бо нақзи ҳарими ҳавоии Лубнон ба муҷтамаи Саида Зайнаб дар хиёбони Саидаббоси Мусавӣ дар Зоҳияи Бейрут ҳамла кард.
Лаҳазоте баъд артиши режими саҳюнистӣ бо интишори баёнияе муддаӣ шуд, ки фуоди шукри фармондеҳи мушакии Ҳизбуллоҳ ва мушовири Саидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнонро ҳадаф қарор додааст.