“Ӯ дар тарафи дурусти таърих қарор дошт”
Шаҳид Насруллоҳ ба ривояти корбарони шабакаи иҷтимоии “X”
-
Сайид Ҳасан Насруллоҳ - кӯҳе устувор
Порс-тудей. Корбарони шабакаи “X” бо интишори твитҳое дабири кулли шаҳиди Ҳизбуллоҳи Лубнонро ситуданд.
Шаҳодати дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон мавҷе дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла шабакаи “X” эҷод кардааст, ки дар гузориши зайл аз “Порс-тудей” ба гузидае аз онҳо ишора шудааст:
Сайид Ҳасан Насруллоҳ кӯҳе устувор
Tasaduq Hussain бо интишори тасвире аз шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳ вайро ба кӯҳе устувор ташбеҳ карду навишт:
“83 тон маводи мунфаҷира барои шаҳодати ту ба кор гирифта шуд, чун ту кӯҳ ҳастӣ”.
(83 tons of explosives Because you are a mountain).
Қиёмкунанда барои Ғазза
Корбари дигаре таҳти унвони Uncle Hoz бо интишори тасвире дар бораи шаҳодати Сайид Ҳасан Насруллоҳ чунин навишт:
“Сарфи назар аз дидгоҳи шумо дар бораи Ҳасан Насруллоҳ, вай ба ин далел кушта шуд, ки барои Ғазза ба по хост, он ҳам дар замоне ки ҳеҷ як аз сарони кишварҳои араб чунин кореро накарданд”.
(Whatever your view of him , Hassan Nasrallah was killed because he stood up for Gaza . At a time when No Arab Leader would).
Насруллоҳ - шаҳиде дар тарафи дурусти таърих
Ким Иверсен (Kim Iversen), муҷрии шаҳири телевизиони Амрико бо интишори посте дар шабакаи иҷтимоии “X” шаҳид Сайид Ҳасан Насруллоҳро ин гуна тавсиф кард:
“Муҳим нест дар мавриди Ҳизбуллоҳ чӣ фикре мекунед, муҳим аст, ки ба ёд биоварем далели ин ки онҳо Исроилро ҳадаф қарор доданд, таҳти фишор қарор додани ин режим барои таваққуфи наслкушии фаластиниён буд. Насруллоҳ ҳақиқатан дар дифоъ аз мардуми бедифоъ ба шаҳодат расид. Ӯ дар тарафи дурусти таърих қарор дошт”.
(No matter what you think of Hezbollah , it’sи important we remember the reason they were targeting Israel was to pressure them to stop their genocide of Palestinians . Nasrallah died a true martyr defending the defenseless . He was on the right side of history).
Омили ваҳдати шиаву суннӣ
Hussain Makke, донишҷӯи улуми исломӣ низ бо интишори твите шахсияти шаҳид Насруллоҳро ин гуна тавсиф кард:
Раҳбари шиаён дар роҳи дифоъ аз бародарони суннии худ кушта шуд.
(The leader of the Shia was killed as he defended his Sunni brothers).