Се медали тилло, нуқра ва биринҷӣ саҳми ҷудокорони Эрон дар Тунис
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i124204-Се_медали_тилло_нуқра_ва_биринҷӣ_саҳми_ҷудокорони_Эрон_дар_Тунис
“Порс-Тудей”. Тими миллии ҷудои Эрон бо амалкарде муваффақ ба кори худ дар Ҷоми Африқо поён дод.
(last modified 2026-02-16T10:32:41+00:00 )
Феврал 16, 2026 15:26 Asia/Dushanbe
  • Се медали тилло, нуқра ва биринҷӣ саҳми ҷудокорони Эрон дар Тунис
    Се медали тилло, нуқра ва биринҷӣ саҳми ҷудокорони Эрон дар Тунис

“Порс-Тудей”. Тими миллии ҷудои Эрон бо амалкарде муваффақ ба кори худ дар Ҷоми Африқо поён дод.

Ба гузориши “Порс-Тудей”, ба нақл аз Ирна, ҷудукорони Эрон дар рақобатҳои Копи Африқо, ки ба мизбонии Тунис ва бо ҳузури намояндагони 29 кишвар баргузор шуд, муваффақ ба касби се медали тилло, нуқра ва бронз ё бринҷӣ дар раддаи бузургсолон шуданд.

Дар вазни манфии 81 килограм Илёси Парҳезгор пас аз шикасти намояндагони Миср, Беларус ва Руминия ба дидори ниҳоӣ роҳ ёфт ва дар финал низ бо ғалаба бар ҳарифе аз Тоҷикистон, медали тиллоро ба даст овард. Дар вазни мусбати 100 килограм Муҳаммад Пуриё Биноиён бо пирӯзӣ баробари руқабое аз Урдун, Русия ва Миср ба финал расид, аммо дар дидори поёнӣ баробари намояндаи Миср шикаст хӯрд ва ба медали нуқра даст ёфт.

Ҳамчунин дар вазни манфии 90 килограм Амираббоси Чӯпон пас аз роҳёбӣ ба марҳалаи ниманиҳоӣ ва шикаст дар ин марҳала, дар дидори раддабандӣ баробари ҷудокоре аз Тоҷикистон ба пирӯзӣ расид ва медали бронзро касб кард. Алиризо Нексиришт низ дар вазни манфии 100 килограм пас аз роҳёбӣ ба ниманиҳоӣ, аз расидан ба медал бозмонд.

Пеш аз ин низ тимҳои пояи Эрон дар ҳамин рақобатҳо муваффақ ба касби чанд медал шуда буданд, ки нишондиҳандаи раванди рӯ ба рушди ҷудои Эрон дар раддаҳои мухталифи синнӣ аст.