Ифшои ҳамсӯии бархе давлатҳои арабӣ бо Исроил дар ҷараёни наслкушии фаластиниҳо
(last modified Tue, 26 Nov 2024 08:17:07 GMT )
Ноябр 26, 2024 13:17 Asia/Dushanbe
  • Ифшои ҳамсӯии бархе давлатҳои арабӣ бо Исроил дар ҷараёни наслкушии фаластиниҳо

Порс-Тудей. Ноибраиси маҷлиси қонунгузории Фаластин гуфт, наслкушӣ дар борикаи Ғазза бо мушорикати Ғарбу Амрико ва ҳамсӯии давлатҳои арабӣ бо Тел-Авив рӯй медиҳад.

Ҳасан Хурейша, ноибраиси маҷлиси қонунгузории Фаластин бо ишора ба идомаи ҷиноёту наслкушии режими саҳюнистӣ, ба вижа дар шимоли борикаи Ғазза гуфт, ки ин наслкушӣ бо мушорикати Ғарбу Амрико ва ҳамсӯии давлатҳои арабӣ бо Тел-Авив иттифоқ афтодааст.

Ба гузориши “Порс-Туде”, ӯ бо баёни инки ҷиноёте, ки ишғолгарони саҳюнист дар беш аз чаҳордаҳ моҳи гузашта дар Ғазза анҷом додаанд, дар таърихи башарият бесобиқа аст, афзуд: Наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза аз тариқи қатл, вайронӣ, муҳосира, кӯчондан, гуруснаву ташна нигаҳи доштани мардум сурат мегирад ва дар бархе маворид ҳам аз муздурон барои сирқату дастандозӣ ба кумакҳои башардӯстонаи ирсолӣ ба борикаи Ғазза ва ба қатл расондани сокинони ин минтақа истифода мешавад.

Нойибраиси маҷлиси қонунгзории Фаластин дар идома бо таъкид бар инки Амрикову Ғарб аз режими саҳюнистӣ ҳимояти моливу таслеҳотӣ мекунанд ва ин ҷиноёти бесобиқа лаккаи нанге барои Ғарб аст, хотирнишон кард, агар ҳамсӯӣ ва сукути кишварҳои арабӣ ва мушорикати Амрикову Ғарб алайҳи миллати Фаластин набуд, ин ҷиноёт ҳаргиз рух намедод.

Режими Исроил аз 7 октябри соли 2023 бо ҳимояти ҳамаҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, куштори густардаи ҷадидеро дар борикаи Ғазза ва Каронаи Бохтарии рӯди Урдун алайҳи мардуми бедифоъ ва мазлуми Фаластин ба роҳ андохтааст.

Бар асоси охирин гузоришҳо, дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Ғазза то кунун афзун бар 44 ҳазор фаластинӣ шаҳид ва беш аз 107 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шудаанд.