Илми қатли ом - нақши донишгоҳҳои исроилӣ дар саркӯбгариву ҷиноят
-
Илми қатли ом - нақши донишгоҳҳои исроилӣ дар саркӯбгариву ҷиноят
Порс-Тудей. Донишгоҳҳои режими Исроил аз тарҳҳои муртабит бо тавсеаи системаҳову сомонаҳои контролу назорати мавриди истифода дар саркӯби фаластиниҳо ҳимоят мекунанд.
Донишгоҳҳои режими Исроил бо иттиҳомоти физояндае дар бораи ҳимоят аз ҷангҳои ин режим мувоҷеҳ ҳастанд. Ба гузориши “Порс-Тудей”, бар асоси ин иттиҳомот, режими саҳюнистӣ аз соли 1996 шарики барномаҳои таҳқиқоту тавсеаи Аврупо ба шумор меояд ва аз он замон кумакҳои молии калону ҳангуфте дар чорчӯби барномаҳое монанди “Horizon 2020” ва “Horizon Europe” дарёфт кардааст.
Режими саҳюнистӣ тайи солҳои 2014 то 2020 дар чорчӯби барномаи “Horizon” 1. 28 миллиард евро ва дар чорчӯби барномаи “Horizon Europe” дар соли 2021 беш аз 747 миллион доллар кумак дарёфт кардааст то онҳоро дар тарҳҳои тавсеаву навоварии илмиву фаннӣ ҳазина кунад. Дар ҳоле ки ин кумакҳо ба абзоре барои ҳимоят аз саноеи низомии исроилӣ табдил шудаанд.
Донишгоҳҳои бузурги Исроил монанди Донишгоҳи Тел-Авив, донишгоҳи ибрӣ дар Қудс ва муассисаи “Алтехниюн” ба сурати мустақим аз кумакҳои Аврупо барои тавсеаи фанновариҳои пешрафта истифода мекунанду умдаи ин фанновариҳо рӯи паҳподҳо, мушакҳо ва сомонаҳои падофандӣ ҳазина мешаванд, ки ағлаб пеш аз ба хидмат гирифта шудан ё арза ба бозору бозорёбии ҷаҳонӣ, рӯи фаластиниҳо ва дар манотиқи фаластинӣ озмоиш мешаванд.
Дар ҳамин иртибот, Созмони Афви Байналмилал дар гузорише дар бораи нақши донишгоҳҳои Исроил дар ҳимоят аз артишу ҷангҳои ин режим эълом кард, ки фанноварии низомии тавсеаёфта дар донишгоҳҳои Исроил дар амалиётҳои низомӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд, ки дар қавонини байналмилалӣ ҷиноёти ҷангӣ талаққӣ мешаванд.
Ҳамаи 7 донишгоҳи бузурги Исроил бидуни истисно ширкатҳои тиҷорӣ таъсис кардаанд, ки дорои широкатҳову мушорикатҳои баландмуддат бо саноеи низомӣ ва амниятии ин режим ҳастанд, ки баёнгари мизони тадохулу иртиботи низоми донишгоҳӣ бо саноеи низомӣ дар Исроил аст.
Нақши донишгоҳҳои Исроил фақат ба таҳқиқу пажӯҳиши тавсеа маҳдуд намешавад, балки то озмоишҳои низомии майдонӣ, ба вижа дар борикаи Ғазза имтидод меёбад. Дар воқеъ сарзаминҳои фаластинӣ озмоишгоҳи бози ин фанновариҳо ҳастанд, ки дар онҳо анвои силоҳу сомонаҳои контролу назорат рӯи фаластиниҳо озмоиш мешавад.
Нақши донишгоҳҳои Исроил ба инҷо маҳдуд намешавад, балки онҳо сиёсатҳои табъизомезеро зидди фаластиниҳо эъмол мекунанду монеи таҳсили фаластиниҳо дар риштаҳое мешаванд, ки тавассути ниҳодҳои байналмилалӣ таъмини молӣ мешаванду ҳар гуна эътирози донишҷӯии фаластиниҳо ба Исроил ё ҷангҳои ин режим дар борикаи Ғаззаро ба шиддат саркӯб мекунанд.
Иқдомоту амалкарди донишгоҳҳои исроилӣ бо эътирозу интиқоди густардаи бисёре аз маҳофили донишгоҳии аврупоӣ мувоҷеҳ шудааст.
Дар июли 2023 беш аз ду ҳазор устоди донишгоҳҳои аврупоӣ ва 45 муассисаи илмиву омӯзишӣ таълиқи ҳимоятҳову кумакҳои молии Иттиҳоди Аврупо аз муассисоти илмиву донишгоҳҳои исроилиро хостор шуданд, ки дар тавсеаи тарҳҳои низомӣ мушорикат доранд.