Феврал 16, 2017 21:02 Asia/Dushanbe
  • Асад: Ғарб баҳои ҳимоят аз террористҳоро мепардозад

Раисҷумҳури Сурия гуфт, кишварҳои ғарбӣ баҳои ҳимояти худ аз террористҳоро мепардозанд.

Башор Асад дар гуфтугӯ бо радиои “Аврупо-1" гуфт, Ғарб ба назари худ аз гурӯҳҳои миёнарав ҳимоят мекард, аммо дар воқеъ, ҳомии “ал-Қоида” буд ва акнун баҳои ин сиёсати худро дар Сурия мепардозад. Асад ҳамчунин бо ишора ба тамоси масъулони амниятии Франса бо ӯ гуфт, сиёсати Париж дар қиболи Димишқ аз ҳамон ибтидо ба ҳимоят аз терроризм устувор буд.

Раисҷумҳури Сурия дар вокуниш ба мавозеи Франсуа Олланд, раисҷумҳури Фаронса дар қиболи буҳрони Сурия гуфт, Олланд аҳамияти чандоне надорад, зеро мизони маҳбубияти ӯ дар байни мардуми Фаронса ҳам коҳиш ёфтааст. Башор Асад ҳамчунин гузориши ахир Созмон Афви байналмилалро дар бораи зиндони Сидна дар Сурия рад карда, онро феҳристе аз иддаоҳои дурӯғин хонд.

Афв Байналмилал, ахиран, дар гузорише муддаӣ шудааст, ки байни панҷ то 13 ҳазор зиндонӣ дар солҳои буҳрон дар Сурия, дар зиндони Сидна, дар наздикии Димишқ эъдом шудаанд.

 

Барчасп