Феврал 22, 2017 15:00 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби баёноти Раҳбари инқилоби исломӣ дар бораи Исроил

Рӯзномаи саҳюнистӣ навишт: Раҳбари Эрон аз интифозаи мардуми Фаластин барои нобудии ғуддаи саратонии Исроил ҳимоят мекунад.

Рӯзномаи саҳюнистии «Times of Israel» рӯзи сешанбе дар бозтоби баёноти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ Раҳбарӣ дар Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, навишт: Раҳбари Эрон дар ин конфронс, бо «ғуддаи саратонӣ» хондани Исроил ҳимоят аз «интифозаи Қудс»-ро барои решакан кардани режими саҳюнистӣ хостор шуд ва гуфт, ҷомеаи байналмилалӣ ба самти мувоҷиҳа бо Исроил пеш меравад.

Рӯзномаи «Times of Israel» гузориш дод: Дар суханронии ифтитоҳияи шашумин Конфронси байналмилалии ҳимоят аз интифозаи Фаластин дар Теҳрон, оятуллоҳ Хоманаӣ, «муқовамат» дар баробар «ишғолгарии бераҳмона»-ро мавриди таҳсин қарор дод ва гуфт, ин ишғолгарии бирҳмона бадтарин маврид аз зулм зидди як миллати хос буда, ки дар тӯли таърих сабт шудааст.

Бар асоси ин гузориш, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ҳамчунин бунёнгузорони режими Исроилро масъули баҳамрехтагии кунунӣ дар минтақаи Ховари Миёна донист.

Режими саҳюнистӣ дар соли 1948 бо ҳимояти Ғарб ба вижа Биритониё дар сарзамини Фаластин эҷод шуд.

 

Барчасп