Март 04, 2017 17:04 Asia/Dushanbe
  • Ҳудуди ҳазор амалиёти инфиҷории ДИИШ тайи як сол

Бар асоси гузориши як маркази байналмилалӣ, ҳудуди ҳазор террористи дииш-ӣ дар амалиёти инфиҷории мухталиф, тайи як сол ба ҳалокат расидаанд.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, ба нақл аз рӯзномаи англисии Гордиан, Чарли Винтер-пажӯҳишгари Маркази байналмилалии мубориза бо терроризм дар Гаага, тайи гузорише таҳти унвони «ҷанги инфиҷорӣ» эълом кард, 923 нафар аз аносури ДИИШ, ки аз амалиёти инфиҷорӣ ба унвони як роҳбурди низомӣ истифода мекунанд, аз декабри 2015 то ноябр 2016 ба амалиёти террористӣ иқдом карданд.

Бар асоси ин гузориш, 70 дарсади амалиёти инфиҷории мухталифи аносури ДИИШ бо худравҳои бомбагузори шуда анҷом мешавад, ки ҳадафи бештари онҳо пойгоҳҳо ва нерӯҳои низомӣ аст, то аз пешравии онон ҷилавгирӣ кунанд.

Бар асоси ин гузориш, дар паси ҳар амалиёти инфиҷорӣ, аҳдофи роҳбурдӣ қарор дорад, ки ДИИШ дар ҷангҳои Ироқ ва Сурия ба онҳо муттакӣ аст.

Дар ҳамин иртибот, фармондеҳи пулиси марказии Ироқ эълом кард, аносури ДИИШ барои ҷилавгирӣ аз пешравии артиш ва неруҳои мардумӣ дар Мусил, хонаҳои мардумро вайрон ва бо рехтани оворҳо рӯйи ҳамдигар, аз он ба унвони истеҳкомоти дифоии ҷадид истифода мекунанд.

Ҳамчунин, неруҳои басиҷи мардумии Ироқ аз омодагии худ, барои ворид шудан ба шаҳри Талъафар дар ғарби Мусил хабар доданд. Неруҳои басиҷи мардумии Ироқ ҳамакнун наздики Талъафар мустақар шудаанд ва таҳаррукоти аносури ДИИШ-ро зери назар доранд.

Барчасп