Март 25, 2017 16:54 Asia/Dushanbe
  • ДИИШ дар бадар ба думболи пойтахти ҷадид

Фаъолон ва манобеи огоҳи сиёсӣ мегӯянд, ки ба иллати тағйироти амниятӣ ва тангтар шудани ҳалқаи муҳосираи террористҳои ДИИШ дар шаҳрҳои Мусили Ироқ ва Раққа Сурия, ин гурӯҳак қасд дорад, шаҳри дигареро ба унвони пойтахти худ эълом кунад.

Ба гузориши ал-Олам, бо таваҷҷуҳ ба тағйироти фишурдаи идорӣ ва амниятӣ дар манотиқи Дайрулзур дар шарқи Сурия ва низ шиддати фишорҳо бар террористҳои ДИИШ дар Раққа ва Мусил, ин гурӯҳак ба эҳтимоли зиёд Дайрулзурро ҷойгузини Раққа хоҳад кард.

Шавоҳид ҳикоят аз он дорад, ки ДИИШ танҳо чанд рӯз пас аз он ки муҳиммтарин пойгоҳҳои худро дар шаҳри Албоби Сурия ва низ бахшҳои васеъе аз Раққа ва аз се ду ҳиссаи Мусилро аз даст дод, аксар саркардаҳои худро аз Раққа ва Мусил ба Дайрулзур мунтақил кард.

Бар асоси ин гузориш, ДИИШ ҳамчунин садҳо мошини дорои муҳиммот, худравҳои сабук ва таслиҳоти низомӣ ба ҳамроҳи садҳо хонавода, нерӯҳои худро дар манотиқе дар савоҳили Фурот, аз шаҳри Дайрулзур то марзҳои Ироқ мустақар кардааст.

 

Барчасп