Се ҳазор фатво зидди ҳамзистии мусулмонон ва масеҳиён дар Миср
-
Фатвоҳои ифротгароён ҳамзистии мусулмонон ва масеҳиёни Мисрро таҳдид мекунад
Муфтии Миср гуфт, бештари фатвоҳои ифротгароён, афродро ба мухолифат бо дастуроти илоҳӣ таҳрик мекунад.
Ба иттилои пойгоҳи хабарии Шафақно, Шавқӣ Алом, муфтии Миср эълом кард, дар бораи се ҳазор фатвои Дорулфатвои Миср таҳқиқ шуда, ки натиҷа нишон медиҳад, бештари ин фатвоҳо ба тахриби калисоҳо ва мухолифат бо ҳамзистии муштараки мусулмонон ва масеҳиён даъват мекунад .
Муфтии Миср бо баёни инки танаввуи инсонӣ, амре ҳатмӣ ва машиати илоҳӣ аст, афзуд: Ақидаи иҷборӣ аз назари шаръӣ қобили қабул нест .
Шавқӣ Алом дар айни ҳол таъкид кард, ҳамаи талошҳо барои эҷоди фосила ва ихтилоф байни мусулмонон ва масеҳиёни Миср, шикаст хурдааст .
10то 15 дарсад аз ҷамъияти ҳудуди 85 миллион нафарии Мисрро масеҳиёни қебтӣ ташкил медиҳанд .
Дар ду моҳи гузашта, шуморе масеҳии қебтӣ дар ҳаводиси мухталифи шаҳри Алъариш дар Синои шимолии Миср, ба дасти афроди мусаллаҳи ношинос ба қатл расидаанд .