Саркуби тазоҳуроти Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар Арабистон тавассути режими Оли Сауд
Низомиёни Саудӣ рӯзи ҷумъа бо мошинҳои зиреҳӣ ба тазоҳуркунандагони Рӯзи ҷаҳонии Қудс дар маҳаллаи муҳосирашудаи Алмасура дар шаҳраки Алавомия юриш бурданд.
Ин ҳамлаи саудиҳо дар вокуниш ба таҷаммуи намодини ҷавонон дар маҳаллаи Алдираи шаҳраки Алавомия ба муносибати бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии Қудс ва охирин ҷумъаи моҳи Рамазон анҷом шуд. Бо вуҷуди муҳосираи шаҳраки Алавомия, ки вориди чиҳилу панҷумин рӯзи худ шудааст, ҷавонон таҷаммуи намодинеро дохили маҳаллаҳои муҳосирашуда барпо карданд ва парчами Фаластинро ба иҳтизор дароварданд .
Ширкаткунандагон дар ин таҷаммуъ, масъалаи Фаластинро масъалаи аслӣ ва марказии ҷаҳони ислом хонданду таъкид карданд, рӯзи Қудс рӯзи рӯёрӯии мустазъафон бо мустакбирини Саудӣ-саҳюнистӣ аст, ки Фаластин ва шаҳраки Алавомияро мавриди таҳоҷум қарор додаанд.
Шарқи Арабистон аз соли 2011 дар эътироз ба беадолатӣ ва тавзеи ноодилонаи сарват, саҳнаи эътирозҳои шадид алайҳи режими Оли Сауд аст. Дар ин эътирозҳо даҳҳо нафар кушта ва шуморе дигар захмӣ шудаанд. Бетардид на танҳо сиёсати дохилии режими Оли Сауд, ки мубтанӣ бар фирқагароӣ ва тарвиҷи ақоиди инҳирофии ваҳҳобигарӣ аст, бо эътирози мардуми Арабистон мувоҷеҳ аст, балки сиёсати хориҷии режими дастнишондаи Оли Сауд, ки мубтанӣ бар вобастагии комил ба ғарб ва наздикӣ бо режим саҳюнистӣ аст низ эътирозоти густардаи мардуми Арабистон ва низ афкори умумии ҷаҳони исломро барангехтааст.
Иқдомоти Оли Сауд дар нодида ангоштани ҳуқуқи мардуми Фаластин ва бетафовутӣ дар хусуси сарнавишти Қудс ба унвони қиблаи нахусти мусулмонони ҷаҳон, ки аз ҷойгоҳи вижае дар назди онон бархурдор аст, дар ҳолест, ки Оли Сауд доияи ходимии исломро дорад. Ин дар ҳолест, ки Арабистон на танҳо қадаме дар хусуси таҳаққуқи ҳуқуқи фаластиниён ва хотима додан ба сайтараи режими саҳюнистӣ бар Байтулмуқаддас бар надоштааст, балки баъзан бо тавтеаҳои ғарб ва режими саҳюнистӣ дар хусуси тасбити мавқеияти ишғолгаронаи ин режим бар Фаластин аз ҷумла Қудс ва тазйии бахши умдаи ҳуқуқи фаластиниён аз тариқи ироаи тарҳи сулҳи арабӣ ҳамроҳӣ нишон додааст.
Дар чорчуби ин ҳамроҳиҳо мақомоти Оли Сауд ҳеч садои эътирозӣ алайҳи режими саҳюнистиро дар Арабистон барнаметобанд ва ин эътирозотро ба шадидтарин наҳв саркуб мекунанд. Аз ин рӯ, дар шароите, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҷумла ҷаҳони ислом дар рӯзи ҷаҳонии Қудс ба саҳнаи эътирозоти зидди саҳюнистӣ табдил шудааст, ҳаракатҳои худҷуши мардумӣ дар Арабистон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин ба далели иқдомоти саркубгаронаи Оли Сауд ба хоку хун кашида мешавад, то бори дигар ҷаҳониён шоҳиди ҳамкории саудиҳо ва режими саҳюнистӣ дар рехтани хуни мусулмонон бошанд.
Рӯзҳои ахир ахбори мухталифе дар хусуси муносибот ва ҳамкориҳои режими саҳюнистӣ ва Оли Сауд ба унвони режимҳои шарур мунташир шудааст, ки беш аз пеш афкори умумиро мутаваҷҷеҳи хиёнатҳои Оли Сауд дар ҳамкорӣ бо душманони ҷаҳони ислом кардааст.
Ҳамчунин дар паи интисоби Муҳаммад ибни Салмон, ба симмати валиаҳди Арабистон, расонаҳои саҳюнистӣ мавзуи дидорҳои маҳрамонаи вайро бо сарони исроилӣ дар солҳои ахир ифшо карданд .
Аюб Кара, аз вузарои кобинаи режими саҳюнистӣ бо истиқбол аз таъини валиаҳди ҷадиди Арабистон ибрози умедворӣ кард, ки ин рӯйдод боиси оддисозии равобити Исроил бо Риёз ва муттаҳидонаш шавад. Аюб Кара пеш аз ин бо изъон ба инки Исроилу Арабистон аз тариқи воситаҳои амрикоӣ дар ҳоли музокира дар тамомии заминаҳо ба манзури оддисозии равобит ҳастанд, гуфт, парвози ҳавопаймоҳои Исроил бар фарози осмони Арабистон ва бозгушоии дафтари манофеи Исроил дар он аз ҷумлаи музокироти мақомоти Риёзу Тел Авив аст .
Ин дар ҳолест, ки ҳамсӯиҳои фазоянда миёни Арабистону Исроил дар солҳои ахир беш аз пеш аҳдофи ононро дар пайгирии иқдомоте алайҳи муқовимати зидди саҳюнистӣ дар минтақа ва тазъифи он ва хомуш сохтани ҳимоятҳои фазоянда аз ҷарёни муқовимати мардуми Фаластин намоён сохтааст. Саркуби шадиди тазоҳуроти мардуми Арабистон дар ҳимоят аз мардуми Фаластин дар Рӯзи ҷаҳонии Қудс тавассути режими Оли Сауд дар ин чорчуб қобили арзёбӣ аст .