Ироқчӣ: Ҳузури миллионии мардум дар рузи Қудс нишондиҳандаи азми росихи эрониён аст
-
Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон
Порс Тудей- вазири умури хориҷаи Эрон таъкид кард: Миллати Эрон бо ваҳдат ба ҳимоят аз ормонҳои худ идома хоҳад дод ва ҳеҷгоҳ аз пой нахоҳад нишаст.
Ба гузориши Порс Тудей, Сайид Абоси Ироқчӣ вазири умури хориҷаи Эрон дар ҳошияи роҳпаймои рузи ҷаҳонии Қудс гуфт: Мардуми Эрон бо ҳузури миллиони дар хиёбонҳо аз Теҳрон ва дигар шаҳрҳо ирода ва азми росихи худро дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ, Қудс, Фаластин ва ормонҳои миллӣ нишон доданд.
Ироқчӣ афзуд: Ин ҳузури густарда нишондиҳандаи азм ва иродаи муҳками эрониён дар ҳимоят аз Ҷумҳурии Исломӣ ва мавзуъи Қудс аст мо бо ҳамин қувват идома хоҳем дод ва душманон маҷбур хоҳанд шуд ба қудрати мардуми Эрон эътироф кунанд.
Вай ҳамчунин дар посух ба саволи дар бораи афзоиши нархҳо гуфт: Нархҳои нефт бар ҳар ҳол акнун ру ба афзоиш аст ва ин натиҷаи амалкарди Амрико ва Исроил дар минтақа аст онҳо ҳастанд, ки ин мусибатро барои минтақа эҷод карданд ва бояд посухгу бошанд.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар поён таъкид кард, ки миллати Эрон бо ваҳдат ва ҳамдили ба ҳимоят аз ормонҳои худ идома хоҳад дод ва ҳеҷгоҳ аз пой нахоҳад нишаст.