Башор Асад ва хонаводааш дар хиёбонҳои Ҳамо (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19230-Башор_Асад_ва_хонаводааш_дар_хиёбонҳои_Ҳамо_(видео)
Сойти расмии раёсатҷумҳурии Сурия видеоҳоеро аз Башор Асад ва хонаводааш дар боздид аз аҳолии Ҳамо, ғарби ин кишвар мунташир кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 27, 2017 14:07 Asia/Dushanbe

Сойти расмии раёсатҷумҳурии Сурия видеоҳоеро аз Башор Асад ва хонаводааш дар боздид аз аҳолии Ҳамо, ғарби ин кишвар мунташир кард.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи “ал-Олам”, дар яке аз ин видеоҳо Башор Асад, ки худаш ронандагӣ мекард, ҳангоми таваққуф дар яке аз постҳои артиш бо сарбозону мардум гуфтугӯ мекунад ва дар видеоҳои дигар Асаду хонаводааш ба хонаҳои шуморе аз маҷрӯҳони атрофи Ҳамо мераванд.

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин нукта таваҷҷуҳ нишон додаанд, ки Асад ва ҳамсараш ҳангоми вуруд ба хонаҳои аҳолӣ кафшҳои худро аз по  мекашанд, ки ин амр баёнгари ҳусни ахлоқи онҳо ва эҳтиром гузоштан ба мизбон аст. Муҳофизони камтеъдоди Асад ва осон будани гуфтугӯ бо ӯ барои мардум низ аз нуктаҳои мавриди таваҷҷуҳи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ буд.