Кӣ ҷойгузини Абубакр Бағдодӣ мешавад?
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19340-Кӣ_ҷойгузини_Абубакр_Бағдодӣ_мешавад
Хабаргузории “Рейтерз” дар гузорише навишт, агар Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи ДИИШ воқеан мурда бошад, эҳтимолан яке аз ду муовини аслии ӯ ҷойгузинаш хоҳанд шуд, ки ҳардуи онҳо афсарони собиқи артиши Ироқ дар даврони Саддом будаанд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 30, 2017 15:34 Asia/Dushanbe
  • Кӣ ҷойгузини Абубакр Бағдодӣ мешавад?

Хабаргузории “Рейтерз” дар гузорише навишт, агар Абубакр Бағдодӣ, саркардаи гурӯҳи ДИИШ воқеан мурда бошад, эҳтимолан яке аз ду муовини аслии ӯ ҷойгузинаш хоҳанд шуд, ки ҳардуи онҳо афсарони собиқи артиши Ироқ дар даврони Саддом будаанд.

Ба гузориши шабакаи хабарии “ал-Олам”, коршиносоне, ки масоили марбут ба ДИИШ-ро пайгирӣ мекунанд, муътақиданд, Аёд Убайдӣ  ва Аёд Ҷамилӣ гузинаҳои аслӣ барои раҳбарии гурӯҳи ДИИШ ба ҷойи Абубакр Бағдодӣ ҳастанд. Убайдӣ, ки даҳаи панҷуми умри худро сипарӣ мекунад, ба унвони вазири ҷанги ДИИШ фаъолият кардааст. Ҷамилӣ низ, ки авохири даҳаи чаҳоруми умри худро сипарӣ мекунад, раиси дастгоҳи амниятии ДИИШ аст. Убайдӣ ва Ҷамилӣ ҳарду соли 2003 ба шӯриши салафиҳо дар Ироқ пайвастанд ва аз соли 2016 ба дастёрони аршади Бағдодӣ табдил шуданд.

Вазорати дифои Русия ахиран эълом кардааст, ки Бағдодӣ эҳтимолан дар ҳамлаи ҳавоие дар Сурия кушта шудааст. Хабаргузории “Интерфакс” низ рӯзи ҷумъа ба нақл аз як қонунгузори баландпояи рус эълом кард, эҳтимоли кушта шудани Бағдодӣ сад дарсад аст. Аммо гурӯҳҳои мусаллаҳи дар ҳоли ҷанг дар минтақа ва мақомоти амрикоӣ мегӯянд, ҳеҷ мадраке вуҷуд надорад, ки кушта шудани Бағдодиро собит кунад.