Мавсил баъд аз 1 122 рӯз озод шуд
https://parstoday.ir/tg/news/west_asia-i19670-Мавсил_баъд_аз_1_122_рӯз_озод_шуд
Манобеи хабаргузории ИРНА дақоиқе пеш дар гузорише аз Мавсил эълом карданд, ки бо нобудии охирин сангарҳои ДИИШ ва поксозии комили бахши қадимии Мавсил ин шаҳр пас аз 1 122 рӯз ба таври комил озод шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 07, 2017 14:13 Asia/Dushanbe
  • Мавсил баъд аз 1 122 рӯз озод шуд

Манобеи хабаргузории ИРНА дақоиқе пеш дар гузорише аз Мавсил эълом карданд, ки бо нобудии охирин сангарҳои ДИИШ ва поксозии комили бахши қадимии Мавсил ин шаҳр пас аз 1 122 рӯз ба таври комил озод шуд.

Манобеи Хабаргузории "Ҷумҳурии Исломии Эрон”, ИРНА аз Мавсил гузориш доданд, ки имрӯз, ҷумъа, ҳафтуми июли соли 2017 амалиёти озодсозии ин шаҳр аз ишғоли гурӯҳи такфирӣ-террористии ДИИШ поён ёфт.

Се сол қабл, ҳафтуми июли соли 2014 Абубакр Бағдодӣ, саркардаи ДИИШ дар дар масҷиди “ан-Нурӣ”, дар бахши қадимии Мавсил, маркази вилояти Найнавои Ироқ иддаои хилофат кард. Бо вуҷуди озодсозии бештари бахшҳои Мавсили Қадим, аз ҷумла масҷиди “ан-Нурӣ”, маҳалли эъломи хилофати Бағдодӣ ҳанӯз чанд маҳалла дар контроли ДИИШ буд, ки бар асоси тозатарин гузориши расида ба ИРНА, ин маҳаллаҳо низ шаби гузашта ва имрӯз ба таври комил озод ва чанд соат пеш даргириҳо дар ин шаҳр комилан мутаваққиф шудааст. Охирин гузоришҳо ҳокист, ки воҳидҳои пулиси федералӣ ва артиши Ироқ омодаи доир кардани паради ҳарбӣ барои пирӯзӣ шудаанд ва баёнияи озодии Мавсил ба зудӣ эълом хоҳад шуд. Бархе манобеъ низ эҳтимол додаанд, ки Ҳайдар Ибодӣ ин баёнияро дар шаҳри Мавсил қироат мекунад.

Амалиёти озодсозии вилояти Найнаво аз бомдоди 17 октябри соли 2016 бо фармони Ҳайдар Ибодӣ, нахуствазир ва фармондеҳи кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ироқ оғоз шуда буд.