Ҳазорон Судонӣ аз Арабистон ихроҷ мешаванд
Идораи муҳоҷирати Судон эълом кард, ҳудуди 47 ҳазор судонӣ, ки дар Арабистони Саудӣ зиндагӣ мекунанд, рӯзҳои оянда аз ин кишвар ихроҷ мешаванд.
Ба нақл аз хабаргузории Синхуа, Карор Алтаҳомӣ, дабири кулли идораи муҳоҷирати Судон эълом кард, то душанбеи оянда наздик ба 33 ҳазор судонии муқими Риёз ва 14 ҳазор судонии сокини Ҷадда, ки 60 дарсадашон коргар ҳастанд, аз Арабистон ихроҷ хоҳанд шуд.
Алтаҳомӣ афзуд, сафорати Судон дар Арабистони Саудӣ корҳои қонунии марбут ба бозгашти муҳоҷирон аз Арабистонро анҷом дода ва қарор аст, ин афрод ба Судон бозгарданд.
Марти гузашта, мақомоти Арабистони Саудӣ ба хориҷиҳое, ки иқоматашон дар Арабистон қонунӣ нест, се моҳ фурсат доданд, иқдомоти лозимро барои қонунӣ кардани иқомати худ анҷом диҳанд ва дар ғайри ин сурат, хоки Арабистонро тарк кунанд.