Саҳюнистҳо асноди Масҷид-ул-Ақсоро дуздиданд
Раиси Маркази байналмилалии Қудс аз дуздида шудани бисёре аз асноди Идораи авқофи исломии Қудс дар замоне, ки дарҳои Масҷид-ул-Ақсо ба таври комил баста буд, хабар дод.
Низомиёни режими саҳюнистӣ аз 14 июли 2017 ба дастури Бинёмин Нитанёҳу нахуствазири ин режим ба муддати се рӯз ба таври комил дарҳои Масҷид-ул-Ақсоро бастанд ва сипас бо фишори фаластинён ва афкори умумии ҷаҳон, бо насби гузаргоҳҳои электроникӣ барои вуруди фаластиниён ба ин масҷид маҳдудият эҷод карданд.
Ба гузориши маркази иттилорасони Фаластин, Ҳасан Хотир раиси Маркази байналмилалии Қудс гуфт, режими саҳюнистӣ дар муддате, ки дарҳои Масҷид-ул-Ақсо баста буд ва намозгузорон ҳақи вуруд ба онро надоштанд, аснод ва мадорики муҳиме дар мавриди амлок ва авқофи Қудс ва заминҳои онро аз дохили ин масҷид дуздидааст, то заминаро барои мусодира ва саҳюнистӣ кардани Қудс фароҳам кунад.
Раиси Маркази байналмилалии Қудс таъкид кард, режими саҳюнистӣ ба воситаи ин аснод дар ҳақиқат авқофи Қудс ва амлоку заминҳои онро таҳти султаи худ даровардааст, зеро ин аснод як архиви комил аз заминҳои вақфӣ буд ва дуздии он, фоҷиаи ҳақиқӣ ба шумор меравад.
Ҳасан Хотир гуфт: Исроилиҳо бо маҳорате, ки дар таҳрифи ҳақоиқ ва дасткорӣ кардани аснод ва мадорик доранд, метавонанд аз ин аснод барои мусодираи бахшҳои васеътаре аз сарзамини Қудс ва муқаддасоти динӣ истифода кунанд.