Боризонӣ: Ҳамапурсӣ фардо баргузор мешавад
Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ гуфт: Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ фардо баргузор хоҳад шуд.
Ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Боризонӣ имрӯз дар конфронси хабарӣ дар Ербил гуфт: Ба мушорикат бо Бағдод боз нахоҳем гашт .
Вай муддаӣ шуд: Ироқ пас аз сарнагунии Саддом дар соли 2003, кишвари демократӣ нест .
Боризонӣ ҳамчунин нигаронии ҳамсоягони қудратманди Ироқ, Эрон ва Туркияро мабнӣ бар инки ҳамапурсӣ мумкин аст, минтақаро бесубот кунад, рад кард .
Бархе аҳзоби минтақаи Курдистони Ироқ, ҳафтуми июн дар нишасте бо ҳузури Масъуди Боризонӣ, раиси ин минтақа, бо баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистон аз Ироқ дар 25 сентябри 2017 мувофиқат карданд мавзуе, ки бо мухолифати қотеи давлат, гурӯҳҳои мухталифи ироқӣ ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳон рӯ ба рӯ шудааст .