Сентябр 26, 2017 14:34 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ дар фазои таҳдиду фишор

Мақомоти минтақаи Курдистони Ироқ бо равишҳои мухталифу фазосозиҳои таблиғотӣ дар садад ҳастанд мизони мушорикат дар ҳамапурсии ҷудоии ин минтақаро пурранг ҷилва диҳанд.

Аммо шавоҳид баёнгари он аст, ки муҳандисии ин ҳамапурсии ғайриқонунӣ ва натоиҷи он дар фазое аз бетафовутии шаҳрвандони курди сокин дар минтақаи Курдистони Ироқ ва дар шароити тарсонидану таҳдид сурат гирифтааст.

Дар ин замина нахуствазири Ироқ фош кард, ки мақомоти Арбил шаҳрвандони курди ироқиро бо таҳдиду тарсонидан ба пойи сандуқҳои раъй оварда буданд. Ин дар ҳолест, ки расонаҳои ироқӣ низ гузориш доданд, нерӯҳои Пешмарга аҳолии бархе манотиқи курднишини Ироқро таҳдид карда буданд, агар дар ҳамапурсӣ ширкат накунанд, кӯчонида хоҳанд шуд.

Мунир Ҳаддод, қозии таҳқиқоти додгоҳии Саддом, диктатори маъдуми Ироқ низ ба нақл аз манобеи худ дар ҷумбиши Тағйир (Гӯрон) таъкид кард, мизони мушорикат дар ин ҳамапурсӣ дар ду вилояти Киркук ва Сулаймония аз 20 дарсад фаротар нарафт.

Ҳамапурсии ҷудоии минтақаи Курдистони Ироқ бо вуҷуди мухолифати ҷаҳонӣ ва вокуниши тунди давлати Ироқ рӯзи душанбе ба исрори Масъуди Боризонӣ, раиси минтақаи Курдистони Ироқ ва дар чорчӯби ангезаҳои шахсиву ҷиноҳии вай баргузор шуд, ки ин иқдоми Боризонӣ нақзи ошкори қонуни асосии Ироқ буд.

Давлату маҷлиси Ироқ, дабири кулли Созмони Милал, кишварҳои минтақа, Аврупову Амрико зимни маҳкум кардани иқдоми Боризонӣ дар баргузории ҳамапурсии ҷудоӣ ва муғойир донистани он бо қонуни асосии Ироқ, ҳар гуна асари қонунии натоиҷи ин ҳамапурсиро рад ва бар ҳифзи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Ироқ таъкид карданд.

Бетардид иқдомот ва таҳаррукоти Масъуди Боризонӣ дар хусуси маҷбур сохтани сокинони минтақаи Курдистони Ироқ дар ширкат дар ҳамапурсии ҷудоии ин минтақа дар фазое аз таҳдиду тарс шабеҳи интихоботҳои намоишии баргузоршуда тавассути Саддом Ҳусайн, диктатори маъдуми Ироқ аст. Саддом Ҳусайн низ бо тарфандҳои мухталиф, аз ҷумла эҷоди тарсу ваҳшат ва дасткорӣ дар шумори ширкаткунандагон дар интихоботи мавриди назару орои он, дар садади муҳандисӣ кардани баргузории интихоботу натоиҷи он ба нафъи аҳдофи муғризонаи худ дар Ироқ буд.

Аз ин рӯ бархе маҳофилу шахсиятҳои сиёсӣ дар Ироқ сарнавишти Масъуди Боризониро, ки ба далели рафторҳову амалкардҳои диктаторимаобонааш амалан дар масири интиҳори сиёсӣ гом бардоштааст, шабеҳи сарнавишти Саддом Ҳусайн, диктатори Ироқ арзёбӣ кардаанд.

Иқдомоти ғайриқонунии Масъуди Боризонӣ хатароту табаотеро барои курдҳои Ироқ дар пай дорад. Ташдиди фазои амниятӣ дар минтақаи Курдистони Ироқ ва низ фароҳам овардани шароити ба истилоҳи фавқуллода барои идомаи раёсат бар ин минтақа, ки вақти он муддатҳост ба сар омадааст, аз ҷумлаи аҳдофи Боризонӣ аз бозии хатарноке аст, ки дар Ироқ оғоз кардааст.

Эъломи ҳукумати низомӣ аз сӯйи мақомҳои курд дар Киркуки Ироқ таъйиди чунин воқеияте аст.

Нуктаи қобили мулоҳиза он ки иқдомоти Боризонӣ ҷиҳати пуршумор нишон додани шумори афроди ширкаткунанда дар ҳамапурсии ҷудоии Курдистони Ироқ ва орои бадастомада аз он, ҳеч тағйире дар ин воқеъият, ки ин ҳамапурсӣ муғойир бо қонуни асосии Ироқ ва ҳуқуқи байналмилал будааст, эҷод намекунад.