Гуфтугӯҳои миллӣ дар Сурия - меҳвари ройзаниҳои Теҳрону Димишқ
Дар остонаи баргузории нишасти гуфтугӯи миллӣ дар Сурия, ки қарор аст, 29 ва 30-юми январ дар Сочии Русия баргузор шавад, Ҳусейн Ҷобири Ансорӣ, дастёри аршади вазири хориҷии Эрон дар умури вижаи сиёсӣ ва музокиракунандаи аршади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раванди Остона дирӯз, шанбе дар Димишқ бо Башор Асад, раисҷумҳур ва дигар мақомҳои Сурия дидору гуфтугӯ кард.
Музокироти Сочӣ аз ду ҷанба ҳоизи аҳамият аст. Нахуст он ки нишондиҳандаи пешрафти маҳсус дар ҷиҳати ҳалли буҳрони Сурия аст ва дувум он ки ин ҳаракат дар масири таомулоти чандҷониба дар сатҳи байналамилалӣ барои расидан ба суботу оромиши пойдор дар чорчӯби ҳифзи тамомияти арзӣ ва ҳокимият дар Сурия дунбол мешавад. Акнун бо вуҷуди таҳаррукот ва коршиканиҳои Амрико раванди музокироти Остона рӯ ба пешрафт аст ва нишастҳои Сочи тавонистааст заминаи музокироти давлати Сурия бо мухолифони суриро фароҳам созад. Ин як иттифоқи муҳим барои минтақа ва ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ аст. Албатта, бадеҳист, ки ҳисоби ҳомиёни ДИИШ ва тарафҳое, ки бар рӯйи тағйироти геополитикии минтақа бо тасбити ДИИШ муҳосиботи дақиқ карда буданд, аз ин равандҳо ҷудост. Зеро Амрико, Арабистон ва режими исроил ояндаи минтақаро бо вуҷуди ДИИШ ба шакли дигаре тарсим карда буданд.
Алексей Макаркин, коршиноси масоили сиёсӣ мегӯяд, бояд пазируфт, ки дар ҳаллу фасли буҳрони Сурия Маскав тавониста ибтикори амалро ба таври комил аз дасти Вашингтон хориҷ кунад. Албатта, тазъифи мавозеи Амрико дар Сурия аслан ба манзалаи ҳаллу фасл шудани ҳама мушкилот перомуни Сурия нахоҳад буд. Ҳадафи Амрико, Исроил ва Арабистон тасбити ДИИШ дар нақшаи тақсимоти ҷадиди сарзамине дар ҷуғрофияи Ироқу Сурия ва ҳазфи муқовимат аз муодилоти сиёсию амниятии минтақа буд.
Сергей Бабурин, вакили собиқи Думаи Русия ва коршиноси аршади масоили байналмилалӣ мегӯяд, ин ки имрӯз террористҳо мавозеи бештареро дар Сурия аз даст медиҳанд, натиҷаи талошҳои Маскав, Теҳрон ва то ҳудуде Анкара будааст. Муҳаммадсодиқи Кӯшкӣ, коршиноси ғарби Осиё низ бо ишора ба тавофуқоти суратгирифта дар нишасти Остонаи Қазоқистон ва фароҳам шудани заминаи гуфтугӯи сурӣ-сурӣ барои шакл додан ба ояндаи сиёсии Сурия таъкид дорад: "Баргузории нишасти Остона то ба имрӯз мунҷар ба хурӯҷи инҳисори музокирот аз Женева ва шакл додан ба музокироти бумитар дар сатҳи минтақа шудааст." Ин коршиноси ғарби Осиё муътақид аст, муҳмтарин дастоварди иҷлоси чандгонаи Остона "бумисозии буҳрон", хурӯҷи аносири мудохилагари ғарбӣ ва нерӯҳои муртаҷеъ аз буҳрони Сурия аст, ки пеш аз ин заминаи ташдиди таниш дар Димишқро фароҳам карда буданд.
Зарфияти иҷлоси Сочи акнун ба гунае аст, метавонад ба ягона масири ҳалли буҳрони Сурия табдил шавад, ба тавре ки ҳалли буҳрон ниёзе ба иқдомоти хушунатомез ва дахолати қудратҳои фаромитақаиро надошта бошад. Шаш сол ҷангу ноамнии таҳмилшуда бар Сурия нишон дод, ки ҳадафи аслии Амрико, Исроил ва бархе ҷараёнҳои минтақаӣ таҷзияи Сурия, дарҳамшикастани ҷараёни муқовимат ва ба фаромӯшӣ супоридани масъалаи Фаластин аст. Дар чунин шароите ҳар гуна иқдоми таҳрикомез метавонад раванди поён додан ба ин буҳронро аз масири аслӣ хориҷ созад.