Сентябр 10, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Обрурезии падофанди ҳавоии Саудӣ дар ҷануби Арабистон

Падофанди ҳавоии Саудӣ ба ҷои нобуд кардани мушакҳое, ки Ансоруллоҳи Яман ба самти Наҷрон дар ҷануби Арабистон шиллик кард, хонаи шаҳрвандони Саудиро ҳадаф қарор дод.  

Фаъолони Саудӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ тасовире аз хонаҳоеро мунташир карданд, ки бо иштибоҳи падофанди ҳавоии Арабистон дучори хисоратҳои густурдае шудаанд.  

Бар асоси тасовири мунташиршуда, гулулаҳои исобаткарда ба манотиқи маскунӣ дар Наҷрон, мутааллиқи мушакҳоест, ки падофанди ҳавоии патриоти Арабистон барои мунҳадим кардани мушакҳои Ансоруллоҳ шиллик карда, аммо дар ин кор номуваффақ будааст.