Ноябр 09, 2018 20:03 Asia/Dushanbe
  • Арабистон фаластиниҳоро аз ҳаҷ маҳрум кард

Арабистони Саудӣ бо ҳадафи ҷалби ризояти режими саҳюнистӣ, аз ҳаҷҷи се миллион фаластинӣ ҷилавгирӣ кард ва ба онҳо виза надод.

Дар ҳоле, ки ин рӯзҳо кишварҳои арабии ҳошияи Халиҷи Форс барои оддисозии равобити худ бо режими саҳиунистӣ дар ҳоли рақобат бо якдигар ҳастанд вебгоҳи Middle East Eye фош кард, Арабистони Саудӣ бо ҳамоҳангии режими саҳюнистӣ ба фаластиниҳои сокини Урдун, Лубнон, Қудси Шарқӣ ва Фаластини ишғолӣ барои ширкат дар маросими ҳаҷ виза надода ва се миллион фаластиниро аз ҳаҷ маҳрум кардааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, Вазорати авқоф ва умури исломии Урдун ба фаластиниҳое, ки хоҳони эъзом ба сафари ҳаҷ будаанд, эълом карда, ки Риёз аз ин ниҳод дархост кардааст барои ҳеҷ фаластинӣ гузарномаи муваққат (барои сафар ба Макка) содир накунад.

Як манбаи урдунӣ ба Middle East Eye гуфта, ки ин тасмими Саудӣ бахше аз тавофуқи дуҷонибаи миёни Риёз ва Телавив барои аз байн бурдани ҳувияти фаластинӣ ва низ ҳақи бозгашт аст.