Декабр 09, 2018 13:37 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои Саудӣ ба Алҳудайдаи Яман

Ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи мутаҷовизи Саудӣ шанбешаб устони Алҳудайда дар ғарби Яманро бомбаборон карданд.

Дар ин ҳамла 2 ғайринизомӣ кушта ва 8 нафар захмӣ шуданд.

Ҷангандаҳои эътилофи мутаҷовизи Саудӣ шанбешаб ҳамчунин фурудгоҳи байналмилалии Алҳудайдаро бомбаборон карданд.

Ҳанӯз аз хисорот ва талафоти эҳтимолии ин ҳамла гузорише мунташир нашудааст.

Эътилофи мутаҷовизи Саудӣ аз чаҳоршанбе 13 июн ҳамлаҳои густурдаеро барои ишғоли бандари Алҳудайда, ғарби Яман оғоз кардааст.

Бандари Алҳудайда аслитарин масири ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Яман аст.

Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милали муттаҳид дар Яман ахиран эълом кард, авзои инсонӣ дар ин кишвар ба суръат дар ҳоли бадтар шудан аст.

Ҳамоҳангкунандаи умури инсонии Созмони милали муттаҳид дар Яман пештар низ зимни ҳушдор дар бораи хатари фоҷиаи инсонӣ дар Алҳудайдаи Яман, гуфта буд, садҳо ҳазор ғайринизомии сокини бандари Алҳудайда дар маърази хатари марг қарор доранд.