Ҳизбуллоҳ: Шаҳодати шайх Немер воқеияти режими Арабистонро бармало кард
(last modified Sat, 12 Jan 2019 10:38:23 GMT )
Январ 12, 2019 15:38 Asia/Dushanbe
  • Ҳизбуллоҳ: Шаҳодати шайх Немер воқеияти режими Арабистонро бармало кард

Ноибраиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, режими Саудӣ мавҷудияти худро бар асоси сиёсати қатл, иқдомоти террористӣ ва тавтеа зидди мусалмонон бино ниҳодааст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи шабакаи телевизионии Алолам, шайх Алӣ Даъмуш, ноибраиси Шӯрои иҷроии Ҳизбуллоҳ дар Бейрут гуфт, режими Арабистон аз тариқи қатли шайх Немер дар садади хомӯш кардани ҳар гуна садои мухолиф буд, ки сиёсатҳо ва воқеияти ин режимро бармало мекунад.

Шайх Алӣ Даъмуш таъкид кард, шаҳодати шайх Немер ҷиноятҳои режими Арабистон ва воқеияти онро бармало кард.

Шайх немер Боқир Немер, рӯҳонии барҷастаи арабистонӣ дар дувуми январи соли 2016 ба далели интиқод аз режими Саудӣ эъдом ва ин иқдом бо маҳкумиятҳои густурдаи мусалмонон дар кишварҳои мухталиф мувоҷеҳ шуд.

Бетардид сукут ва ҳамроҳии бархе аз давлатҳои ғарбӣ ва минтақа дар қиболи мавзӯи эъдоми шайх Немер Боқир Немер фазоро барои тадовуми ҷиноёти оли Сауд фароҳам кардааст.

Дар ҳамин ҳол, созмони аврупоӣ - саудии ҳуқуқи башар аз афзоиши эъдомҳо дар Арабистон ба беш аз 140 маврид дар соли 2018 хабар дод.